Китоби нав: «Гули санг»
Адиб ва муҳаққиқи маъруфи тоҷикзабони Ҷумҳурии Ӯзбекстон Юнуси Имомназар ҳафтаи гузашта ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва чун дастовез чор номгӯ китоб туҳфа карданд. Сари фурсад ҳар кадоме аз ин китобҳоро муаррифӣ хоҳем кард.
Яке аз ин китобҳо “Гули санг” ном дорад, ки осори наасриву назмии адибони кӯҳистони Нураторо гирд овардааст. Тавре дар муаррифии он мехонем, аз назари маъмурию расмӣ деҳаҳои Эҷ (ҳамроҳ бо Сойхурд ва Симбулоқ), Соб, Синтаб ба ноҳияи Нуратои вилояти Навой, деҳаҳои Моҷарм, Андагин, Ӯхм, Ҳоят, Асраф, Порашт ба ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах ва деҳаи Устук ба ноҳияи Қӯшработи вилояти Самарқанд тааллуқ доранд. Агарчи деҳоти ёдшуда дар таркиби се вилояти мухталиф ҳастанд, таърих, забону адабиёт ва фарҳанги онҳо бояд тавъам, таҳти унвони тоҷикони кӯҳистони Нурато омӯхта шаванд. Далели қотеъи ин пешниҳод он аст, ки мардуми қаторкӯҳи Нурато аз замони пайдоиши худ то ба ҳол дар канори ҳам зиндагӣ карда, дорои расму оин, одоту одоби мушобеҳу
яксохт мебошанд ва забони модарии онҳо ягона аст – тоҷикӣ (форсӣ). Бо мурури чандин садсола рафтуомади муттасил, додугирифти ҳамешагӣ, забони ноби порсӣ, ҳамхонии шинухез ва ҳар гуна фарҳанги мардумӣ дар ин деҳаҳои кӯҳистонӣ устувор боқӣ мондааст ва бо ҳамин тавъамӣ идома меёбад.
Аз ин рӯ, китоби «Гули санг» намунаҳои боризи назму насри эҷодкорони кӯҳистони Нураторо дарбар мегирад. Бояд гуфт, ки шоиру нависандагони ин кӯҳистон миллат ва диёри худро дар ҷаҳони назму насри форсизабонҳо рӯнамоӣ мекунанд. Онҳо ба мисли гули санг аз дили кӯҳистони сахту санглох падид омада нашъунамо меёбанд, асарҳои мондагор меофаранд, ба афзудани обрӯ ва шукӯҳи диёри худ мусоидат менамоянд.
Китоби мазкур бо фаро гирифтани ашъору осори насрии беҳтарин адибони кӯҳсори Нурато ба доираи васеи хонандагон, ба одамони касбу кори гуногун, донишомӯзу донишҷӯён ва ҳар касе, ки завқу иштиёқ ба каломи ноби бадеӣ дорад, пешниҳод мегардад.
Муҳаррир ва мураттиби китоб Юнуси Имомназар дар муқаддима оварда, ки дар ин маҷмӯа шарҳи ҳол ва намунаҳо аз ашъору осори насрии беҳтарин адибони деҳоти тоҷикнишини кӯҳсори Нурато гирд оварда шудааст. Шоиру нависандагон Баҳром Фирӯз, Ҷонибек
Қувнок, Бекназар Тӯйназар, Паймон, Абдулло Субҳон, Пайванди
Гулмуродзода, Қироншоҳ Шарифзода, Пайғом, Юнуси Имомназар,
Ҳикмат Султонзода, Шакари Сайфӣ ва Фаридуни Фарҳодзод – ҳама
дар рустоҳои кӯҳистонии силсилакӯҳи Нурато зода шудаанд ва дар
адабиёти муосири тоҷик мақому нақши хосса доранд. Умед аст, ин
маҷмӯа барои тамоми пажӯҳишгарон, мунаққидон ва
адабиётшиносон ҳамчун як манбаи муҳимми омӯзишу таҳлил ва барои дӯстдорони шеъру насри балеғ ба унвони китоби адабию бадеӣ ва дӯсту ҳамдами лаҳзаҳои танҳоӣ хидмат мекунад.
… Ӯ гули санг асту номаш –
зинати ӯ.
Ӯ гули санг аст –
сангин қисматаш,
Гарчи гул аст, ёри санг аст.
Аз ҳомиёни китоби мазкур, фарзандони олиҳиммати марҳум
Ҷамоли Орзумурод – Хайём ва Ҷалол, ки ба таври кул ҳазинаи таҳия,
таҳрир, тасҳеҳ ва чопи маҷмӯаро аз маҳалли сандуқи хайрияи «Мероси Ҷамол» ба ухда гирифтаанд, изҳори сипос ва қадрдонӣ мекунем.
ЮНУСИ ИМОМНАЗАР,
мураттиб ва муҳаррири китоб
Хонандагон имкон доранд китоби «Гули санг»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.
Анушаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.