Китоби нав. Гулсифат Шаҳидӣ: “Аҳриман-ҳукумдори зулмот”
Ин китоб соли гузашта чоп шудаву ба мавзӯи муносибатҳои хонаводагӣ бахшида шудааст. Мавзӯе, ки муаллиф қаблан ҳам дар китобҳои дигараш дар миён гузошта буд. Аммо ҳоло дар шакли қисса ва дар либоси бадеӣ рӯйдодеро ҳикоят мекунад, ки дар асл бофтаи тахайюл нест, он дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, дар ким – кадом гӯша аз хоки кишвар ба гунаи дигар рух додааст. Муаллиф як дарди умумӣ, ки ба робитаҳои байни инсонҳо рабт мегирад, мавриди таҳлил қарор додааст.
Гулсифат Шаҳидӣ як нависандаи чирадастест, ки имрӯз асарҳояш ҳатто берун аз қаламрави кишвар, дар Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Русия, кишварҳои Аврупо расидаву қалбҳоро тасхир карда ва миёни дӯстдорони каломи бадеъ маъруфият ҳам каст кардаанд.
Муаллиф дар сарсухани китобаш ҳадафи худро аз эҷоди ин қиссаи пандомӯз ин гуна шарҳ медиҳад:
Аслан дар унвони китобҳои худ кўшидаам симо, ному ифодаҳои манфие, ки муъҷиби тарс ё нигаронӣ ҳастанд, истифода набарам. Вале ин бор натавонистам. Ин сабаби худро дорад. Дар таърихи Тоҷикистон азиз, кишвари мардумони некоин, бунёдкору созанда ва заҳматкаш саҳифаи воқеан сиёҳу фоҷиабор боз шудааст. Бисёрие аз бонувон, хушунати хонаводагиро таҳаммул накарда, ба иқдоми нанги – худкушӣ даст мезананд. Чунин ҳодисаҳо дар замони шўравӣ низ рух медоданд. Аммо дар ин бора хамўшӣ мегузидаанд, ки чандон ташвиқу интишор намешуданд. Ҳоло дар ҳама бора менависанд. Аз ҳама даҳшатовараш он аст, ки занҳо на танҳо худро, балки фарзандони кўчаки худро мекушанд. Хостам ҳақиқатро аз матолиби сомонаҳои гуногун рўшан бикунам . Ашк дар чашм садои он занҳои навмеду маъюсро бишинидаму мутолиа кардам,ки аз марг наҷоташон додаанд. Фикран, бо онҳо вориди баҳс шудам. Сайъ кардам мутақоид ба қавӣ буданашон бисозем. Хостам модарона ба ақлу хирад даъват бикунам. Зеро мо барои ҳар як амалу рафтор назди Худо посух хоҳем дод. Вале батадриҷ дарёфтам:дар ҷомеае,ки то кунун падарсолорӣ ҳукумрон аст, дар он ҷое ,ки мардҳо қонун ва ҳақиқати хешро доранд , ҳаллу фасл кардани мушкилоти хонаводагӣ гоҳе ғайриимкон мегардад,Тоҷикистони мо ба баландиҳои иқтисодӣ даст ёфт.Чуноне шўравишиносон мегуфтанд, аз феодализм ба сотсиализм «биҷаҳид». Вале дар мавриди тафаккури инсонӣ аз бисёр ҷиҳат мутароким боқӣ монд. Ва тасмим гирифтам, дар ин мавзўъ асари бадеӣ бинависам.Шояд пас аз хондани қиссаи нави ман, занҳо роҳи раҳоиро дар худкушӣ намебинанду мардҳо онҳоро то ба ҳадди охири яъсу навмедӣ намеоваранд.
Дар забони тоҷикӣ мақоли хубе ҳаст, ки мегӯянд: «хонашери майдонғариб». Дар хона шер, вале дар кўча гўсфанданд.Ин маъно ба онҳое муносибу созгар аст,ки худро дар хонавода чун ғосибу ғолиб мепиндорад ва дар назари мардум худро рўшанфикр, инсони, меҳрубон тарбиятдидаю бомаърифат вонамуд месозанд. Ва атрофиён кам андар кам ба занҳо –қурбониёни хушунат бовар мекунанд. Ин ҳама аз ҷаҳлу нодонии одамон рух медиҳад.Чӣ китобҳои муқаддас ,чӣ қонунҳои ҷомеаро аксар намедонанд. Солҳо аз рўӣи анъноту русуму қоидаҳое зиндагӣ мекунанд, ки ба нафъи мардҳо ва сардорони қавму қобилаҳо хонаводаҳо созгор аст. Гўё дар кўчаи таърих садаи бисту якро намебинад.Ба духтарон дар рустоҳо иҷозати таҳсил намедиҳанд ва дар сини ноболиғӣ ба шавҳар медиҳанд. Аз ҳам пошидани хонаводаҳои нав аз ин ҷост. Ва ин ҳазлу шўхӣ нест. Агар духтар бо ҷиҳозу бисоти бузург наёмада бошад ва ё хеле хоксору пуртаҳаммул аст, пас ба вай муқобила бо норозияти доимӣ, ҳамла ва таҳдиди хешу таборони нав ғайриимкон мегардад. Волидони арўс наметавонанд ва ё намехоҳанд ба онҳо кўмак бикунанд. Аз ин рў ,наварўсону бонувон аз ноилоҷи ба чораи ниҳоӣ даст мезананд ва роҳи ягонаи халосӣ аз азобу ранҷро дар худкушӣ мебинанд…
Китоби Гулсифат Шаҳидӣ “Аҳриман-ҳукмдори зулмот”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон