Китоби нав: «Хирмани сухан”. Китобҳои дуюм ва сеюм
Ин китоб, ки ҳамакнун се ҷилди он чоп шудааст, баргузидаи ҳикоя ва қиссаҳои адибони ӯзбекро, ки ба тоҷикӣ тарҷума шудааст, дар бар мегирад.
Гуфтанист, ки насри ӯзбек дар давоми сад соли охир на танҳо дар хиттаи Осиёи Миёна ҳамчунин дар миқёси ҷаҳонӣ ба наҳви
аҳсан шинохта шудааст. Дар пешрафти он бештар аз чаҳорсад нафар адиб бо осори каму беши худ саҳм гузоштаанд.
Асарҳои бешумори нависандагони ӯзбек ба забонҳои гуногун тарҷума ва дастраси дӯстдорони адабиёт шудааст. Аз
ҷумла, хонандаи тоҷик низ бо беҳтарин намунаҳои насрии
ӯзбек ошно аст.
Ин китоб бо саъю эҳтимоми адиб ва мутарҷими нозукбин
Юнуси Имомназар фароҳам омада, ҳамроҳ бо шарҳи мухтасари зиндагӣ, намунаҳоеро аз осори нависандагони шинохтаи
ӯзбек дар худ ҷо додааст.
Китоби мазкур ба сифати як хрестоматияи адабӣ барои
такмили дарсҳои адабиёти донишомӯзон ва ба китобхонҳои
синну соли гуногун пешниҳод шудааст.
Дар ду китоби охири ин силсила хонанда метавонад бо намунаҳо аз осори адибоне чун Худойбердӣ Тӯхтаев, Фарҳон Мусоҷон, Эркин Самандар, Шукур Холмирзоев, Асад Асил, Амон Мухтор, Миркарим Осим, Хуршед Дӯстмуҳаммад, Абдусаид Кӯчимов, Эркин Усмон, Орзиқул Эргаш, Нормурод Норқобилов, Абдуҷалол Раҳимов, Шойим Бӯтаев, Абдуқаюм Йӯлдошев, Исоҷон Султон ва дигарон ошно шавад.
Ду китоби “Хирмани сухан” ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Анушаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.