Китоби нав. Холиқназар Ҷумъазода: “Хандасарой”

ХандасаройДирӯз, 29-май саодати онро доштем, ки аз муаллифи ин китоби хуб бо соядасти зебо як китоб туҳфа гирем. Ҳанӯз китобро варақ назада будам, ки аз суҳбати кутоҳамон як латифаи дигар ҳосил шуд, ки ҳоло дар фазои маҷозӣ мечархад. Яъне, мо саргарми мутолиаи “Хандасароем”, вале Холиқназар барои як хандасаройи дигар мавод омода мекунанд. Хушо ба ҳолашон!

Дар бораи китоб баъди мутолиа, сари фурсат чизе хоҳам навишт. Ҳоло барои муаррифии бештари “Хандасарой” сарсухани қаламкаши варзида Абдурауф Муродиро меорем, ки муаллиф ва асари ӯро ба хонанда ба хубӣ ошно мекунад.

 

Ба лафзи андаку маънии бисёр

  Рисолати зиёд дорад адабиёти бадеӣ ва рисолати меҳварии онро аҳли адаб тарбияти инсони накукору хайрандеш муқаррар кардаанд ва як омили муҳими маъруфу ҷаҳонгир шудани адабиёт низ ба ҳамин нукта иртиботманд аст. Ба ин маънӣ устод Лоиқ гуфта:

Қасди шоир аз сухан одамгарист,

Бехудиҳояш ҳама шўроварист.

Гетиро хуршед агар равшан кунад,        

Синаҳоро – кори шеъру шоирист.

Як бахши умдаи адабиёти  бадеӣ пайванд ба ҳаҷв буда, ҳаводорони зиёд дорад. Ин бахши адабиётро ҳам нахустҳадаф тарбияту раҳнамоист; он кулли ноҷўриҳою костагиҳои ҳаётро, аъмоли ношоистаи иддае аз одамонро ва андешаву гуфтори ғаразборро фошу маҳкум мекунад ва садо дармедиҳад: «Ин роҳ ба варта мебарад, огаҳ бош!» Ҳаҷв хандаю шўхӣ, танзу  эътироз ва танқиду тамасхур дар таркиб дорад ва аксаран бо хушҳолию фараҳмандию руҳбаландии одамон алоқа пайдо мекунад. Чарли Чаплин, ҳунарпешаи маъруф, сухане ҳикматбор аз ин лиҳоз гуфтааст: «Рўзе, ки нахандидаем, он рўзи гумкардаи мо дар зиндагист».

Вобаста ба ин, нависандагоне, ки бо эҷоди ҳаҷв гаравидаанд, бештар ҳамдаму маҳбуби мардуманд ва нигоштаҳояшон сари забонҳо, шукўҳафзои нишасту базму маҳфилҳост. Тоҷикон табиатан мардуми ҳаҷвпараст, таваҷҷуҳманд ба хандаю шўхиянд. Қаҳрамонони ҳаҷвиёти тоҷикӣ, чун Мушфиқию Хоҷа Насриддин, Афандию Талҳақ, Ҷуҳою Лаку Пак  шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд ва гузашта аз ин, соли 2023 номинаи «Анъанаҳои нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» бо пешниҳоди Тоҷикистон ва чанде аз кишварҳои ҳамҷавор ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидааст. Як гўшаи аксар нашрияҳои даврии моро нигоштаҳои ҳаҷвӣ оро медиҳанд ва яқинан, аз ҳама бештар хонанда доранд. Китобҳои ҳаҷвӣ зуд ҳаводору талабгор дармеёбанд ва низ барномаҳои ҳаҷвии радиою телевизион шунавандагону тамошобинони зиёдеро гирд меоваранд…

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо як зумра адибони хушқаламу соҳибзавқ анъанаи ҳаҷвнигорони пешинро бо камоли масъулият идома мебахшанд, ки яке аз онҳо нависандаи хушсалиқаю соҳибназар Холиқназар Ҷумъазода аст. Бо навиштаҳои танзбори ў солҳо боз хонандагони тоҷик шиносоӣ доранд: ҳикояҳои ҳаҷвии ин қаламкаши завқманд дар нашрияҳои гуногуни кишвар пайваста рўи сафҳа меоянд ва низ чанд китоби ҳаҷвияш, аз ҷумла, китоби «Биё, ки  фолат бинам» пешкаши хонандагон гардидааст. Ҳамакнун аҳли мутолиа китоби нави адибро рўи даст доранд, ки «Хандасарой» ном гирифтааст ва воқеан, номаш бо муҳтавояш созгор омада.

Нависандаи ҳаҷвнигор бояд моҳиятҷўву амиқбин, мушоҳидакору зариф бошад, воқеияти ҳаёт ва гирумони атрофиёнро саҳеҳу дақиқ  наззораву фаҳм карда тавонад. Дар баробари ин, мумтозу соҳибистеъдод будани ҳаҷвнигор дар нигориш, аз обутоби калом огаҳӣ доштану мухтасарбаёну мавқеъшинос буданаш барои ба ҳадаф расидану асари шоиста офариданаш басо муҳим аст. Навиштаҳояш, китобҳояш ва ҳам зарофатписандиаш гувоҳи онанд, ки Холиқназар Ҷумъазода ин ҳама умдахисолро дорост. Ў нахустшарти ҳиҷогўӣ – фишурданависиро хуб  медонад ва риоят мекунад. Медонад, ки дар ҳаҷв як сухани ноҷову барзиёд ва андаке ба дарозо  кашидани гуфтор костагӣ дар асар ба миён меоварад, таъсири  суханро  суст мекунад, ғубори хотири хонанда мешавад. Аз ин ҷост, ки ҳаҷвиёти нависанда «ба лафзи андаку маънии бисёр»-анд. Зуд писанди дилҳо мегарданд. Тамоми ҳикоёти хурди ҳаҷвии адиб «як по дар воқеият» доранд, бархоста аз мушоҳидаву бардоштҳои ў аз дидаву шунидаҳояш, аз суҳбату маҳфилҳои гуногун аз рўзгорони деҳотиёни содафеълу зарофатгўй, аз мулоқотҳо бо дўстону хешону пайвандон ва ҳампешагон, аз рухдодҳои ҳамарўзаи зиндагӣ… мебошанд. Ин ҷо бамаврид аст ба тақвияти сухан ёдовар аз ин гуфти нависандаи барҷаста Марк Твен бишавем: «Танҳо ҳамон ҳаҷв поянда мемонаду мақбули хонанда мешавад, ки дар заминаи мушоҳидаи воқеият ё дар иртибот ба воқеият эҷод шуда бошад». Худ мундариҷаи мавзуоти ҳаҷвиёти адиб бозгўи пайванди қавии онҳо бо воқеияти рўзанд: мазаммати порагирию танбалӣ, содалавҳию хурофотпарастӣ, беадолатиҳо дар зиндагӣ, афзудани нархи амвол, ноҷўриҳо дар оила, камсаводии табибон, ҳавобаландию бепарвоии роҳбарон, одатҳои ҳаринаи иддае аз ашхос, касодии барқу гармидиҳӣ, фиребгарию қаллобӣ… Силсилае аз нигоштаҳои нависандаро лутфу ҳозирҷавобии дўстон ва шахсиятҳои маъруф, хушгўиҳои одамони шўху ҳозирҷавоб, муносибати ҷолиби устоду шогирд… замина гардида. Ба масал, дар ҳикояти зер зарофату лутфи хеле ҷолибу хотирмон ба мушоҳида мерасад: «Бузургворе, ки аслан ёдам намекард, рўзе занг зада, пурсид: – Русиат чӣ хел аст? Як маърўза ба русӣ навиштаи даркор. Гуфтам: – Русиам ранги тоҷикии ту аст. Хандиду гуфт:-Ин тавр бошад, ту ба дарди ман намехўрӣ».

Дар ин гуфтугўи лутфрез як навъ танзи нозук ба нишонии онҳое, ки нисбат ба забони модарӣ камтаваҷҷуҳанду онро пайваста намеомўзанд, ҷой дорад.

Дар мавриди дигар ҳикоятҳои нависанда тобиши иҷтимоӣ пайдо кардаанд ва ба гунае эътирозанд ба рағми баъзе ҳаводиси номатлуби ҷомеаи имрўзини мо. Ҳикояти «Муаллим ҳам муҳоҷир шуд» аз ҷумлаи ҳамин гуна ҳикоёт аст: «Дар фурудгоҳ меҳмонеро, ки нав аз муҳоҷират меомад, пешвоз гирифта, бо шўхӣ гуфтам: -Агар гапи муаллимонро мегирифтӣ, имрўз муҳоҷир намешудӣ. Хандиду гуфт:-Зиқ нашавед, ако. Ҳамон муаллиме, ки маро «хон» мегуфт, худаш ҳам муҳоҷир шуд».

Бархе аз нигоштаҳои адиб оҳангу сабки латифаҳои халқиро касб кардаанд. Чунончи: «Аз дузде пурсиданд: – Чаро говдуздиро бас кардӣ? Гуфт: – Ҳоло мавсимаш не, говҳо  харобанд».

Ба ин гуна вобаста ба махсусиятҳои дигари ҳикоёти ҳаҷвии Холиқназар Ҷумъазода метавон мисолҳои фаровон оварду ибрози назар кард. Қисмати «Аз дафтари хотираҳо»-и китоби «Хандасарой» низ ҷолибу хонданист ва ҳикоёти он табъро болидаву дилро фараҳбор мекунанду дар хотирнигорӣ низ дасти болою гиро доштани муаллифро собит месозанд.

Чунонки дар оғоз таъкид шуд, дар ҳаҷв ба комёбӣ расидан дар адабиёт на ҳар қаламкашеро даст медиҳад. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Холиқназар Ҷумъазода дар ин ҷода устуворона ва бо шеваи хоси хеш қадам мегузорад ва аз ҳаҷвнигорони муваффақи замон аст. Инро китоби наваш ҳам, ки «Хандасарой» ном гирифта, таъйид мекунад. Ҳидоят хонандагонро мекунем:

Бо дили пур сафҳаҳояшро кушой,

                 Мешавад мақбули ту «Хандасарой».

АБДУРАУФ МУРОДӢ

Касоне, ки мехоҳанд “Хандасарой” мутолиа кунанд, ба Китобхонаи миллӣ ташриф биёваранд. Ин китоб ҳоло дар толорҳои хониш қобили дарёфт аст.