Китоби нав. “Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва эҳёи худшиносии Миллӣ”

ichlosiyaИн маҷмуи очерку мақолаҳо соли гузашта дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд чоп шуда, матолиби озмуни ҷумҳуриявии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро дар бар гирифтааст. Китоб бо сарсухани  Абдулло Раҳмонзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ёфтааст. Сарсуханро пурра меорем, то хонандаи ин матлаб худ дарёбад, ки ин китоб чӣ арзиши илмиву таърихӣ дорад.

САРСУХАН

Дар бораи Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Тоҷикистон то ин муддат, ки ҳамакнун аз баргузории он 30 сол пур мешавад, аҳли адабу зиёи кишвар зиёд навиштаанд. Дар фароварди ин солҳо перомуни ин воқеаи таърихиву таърихсоз, ки арзиши хеле баланд ҳам доранд, садҳову ҳазорон мақола ва даҳҳо маҷмуаву китобҳо бо зевари нашр ороста шудаанд. Ба гумони инҷониб, ки аксари он нигоштаҳоро варақ задаву мутолиа кардаам, чунин менамуд, перомуни ин санаи таърихӣ ҳарфи нав гуфтан ба содагӣ даст нахоҳад дод, зеро ҳамин гуна ба назар мерасид, ки тамоми гапҳо дар бораи ин Иҷлосия гуфта шудаанд.

Аммо, замоне ки масъулини рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо як тасмими ҷиддие дар ҳошияи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ”-ро эълон доштанду давоми сол ҳар ҳафта як ё ду нигошта дар мавриди ин воқеаи таърихӣ аз ҷониби аҳли қалам дар саҳифаҳои рӯзнома ба табъ мерасид, то ҷое андешаи моро дигар кард.

Ҳар ҳафта як факт, як шарҳ ва як нигоҳи нав дар бораи Иҷлосия гувоҳи он буд, ки ҳанӯз дар бораи ин воқеаи таърихӣ ногуфтаҳо зиёданд. Воқеан он, бардоштҳое, ки давоми сол аз мақолаву мусоибаҳо ва ёддошту пайнавиштҳое, ки дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” нашр шудаанд, хеле чизҳои дигарро бароям равшан кард. Бар ин нуқта бовар ҳосил кардам, ки аҳли адаби кишвар сар карда аз сиёсатшиносону сиёсатмадорон то зиёиёну муаррихон перомуни ин Иҷлосияи таърихӣ ҳанӯз ҳама чизро нагуфтаанд ва хидмати мо дар инъикоси ҳамаҷонибаи ин рӯйдоди муҳим бо вуҷуди ҳамам талошҳо хотимашуда маҳсуб намеёбад.

Чунки дар ҳақиқат хидматҳои бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати дунявию демократӣ ва як ҷомеаи маданиву фарҳангсолор аз давраи аввали роҳбарӣ, яъне Раиси Шурои Олӣ будан ибтидо мегиранду бояд аз ҳар ногоҳ сар карда аз муҳимтарин то ҷузъитарин ҷузъиёти он ба риштаи таҳлил кашида шавад.

Мусаллам аст, ки Пешвои муаззами миллат дар аввалин баромадашон аз минбари таърихию барои миллати тоҷик тақдирсози ҳамон Иҷлосия андешаи миллиро ба вуҷуд оварданд ва тамоми мардуми кишварро новобаста аз мавқеъ сари он водор намуданд, ки бояд танҳо перомуни манофеи миллӣ биандешем ва манфиатҳои миллиро аз ҳар чизи дигар болотар арҷ гузорем.

Дар ҳамон даврае, ки дар саросари кишвар даргирҳо дар авҷ буданд ва гурӯҳҳои алоҳида бо ҳар тариқ мехостанд ҳадафу мақсадҳои худро пиёда кунанд, сухан аз манофеи маҳаллу қавму гурӯҳ неву миллат гуфтан ва як Ҳукуматеро сари ин андеша ба по хезондан кори саҳл набуд. Аз нахустин суханҳо доири сулҳу оромӣ суҳбат кардану хостаҳои халқи кишварро бозгӯ сохтан ва ҳалли мушкилоти бар сари миллат омодаро бо роҳи ғайринизомӣ дар миён мондаву аз тамаддуновару соҳибмаърифат ва фарҳангӣ будани халқи тоҷик ба ҷаҳониён гуфтан дарвоқеъ, қарори ҷавонмардиро металабид. Ин суханрониву баромадҳо ва ҳадафҳое, ки ҳанӯз дар ҳамон айём Роҳбари давлат ба миён гузошта буданд, аҳамияти бузурги таърихиро дар худ доро мебошад. Бидуни шак, бо гузашти боз як даҳсолаи дигар, ки моро аз ин воқеаи таърихӣ як қадами дигар дуртар мекунад, пайгирӣ кардани он корест сутуданӣ.

Дар ин китобе, ки ҳамакнун дар доираи ин Озмун ва сиюмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Тоҷикистон чоп мешавад, бардоштҳои зиёде аз иштирокдорони Иҷлосия ва паҳлуҳои зиёди ногуфтаи ин руйдод ба қалам кашида шудаанд. Ғайр аз мақолаҳое, ки таърихи начандон дури моро бозгӯӣ мекунанду хидмати иқдомҳои падаронаву пешвоёнаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон давраи хеле ҳассосро барои ҷавонон муаррифӣ менамояд, ҳамчунин, китоб фарогири бахшҳоест, ки бе муболиға қимати адабии онро боло мебаранд.

Хоссатан, бахшҳои “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон аз нигоҳи Эмомалӣ Раҳмон ва ё 30 иқтибоси 30 сол”, “16 иқтибоси Ватансози Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ” ва “Эмомалӣ Раҳмон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ё 30 меҳри 30 сол” аз умдатарин бахшҳои китоб ба шумор мераванду барои ҳар хонадаи закӣ муайян мекунанд, ки чи арзишеро китоб дорост.

Ба ҷуз, ин қадар адабиёте, ки дар бораи хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар давраҳои Раиси Шурои Олӣ будан, дар ин маҷмуа гирдоварӣ шудаанд, аз нигоҳи адабиву публитсистӣ дақиқан бозгӯи қимати баланд доштани маҷмуа аст.

Ба ҳамин далел, бо дили пур изҳор медорем, ки китоби Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ” як асарӣ бунёдӣ барои ҳам муҳаққиқони ҷавон ва ҳамон нафаронест, ки ба таъриху гузаштаи худ арҷ мегузоранду эҳтиром қоиланд.

Абдулло РАҲМОНЗОДА,

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таҳияи Мавзуна САЛИМОВА, мутахассиси пешбари Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон