Китоби нав: Инсони иззатманд

Маҷмуаи мазкур, ки ҳоло ба Китобхонаи милӣ расидааст, ба 80-солагии зодрӯзи олим, омӯзгори варзида, инсони дорои инсофу одамгарӣ, одобу маърифат, фурўтану дилёб – профессор Набиҷон Носиров бахшида шудааст. Хонанда аз ин китоб бисёр чизҳоро меёбад, ки боиси пайравӣ ва истифода дар зиндагӣ ҳастанд.

Дар сарсухани китоб мехонем, ки роҳи зиндагӣ ва фаъолияти Носиров Набиҷон Носирович намунаи равшани ҳадафмандӣ, заҳмати беинтиҳо ва садоқати бебозгашт ба илм ва маориф мебошад. Ў 11 декабри соли 1945 дар шаҳри бостонии Ўротеппа (ҳоло Истаравшан) ба дунё омадааст. Аз овони кӯдакӣ шавқи беандоза ба дониш нишон медод. Роҳи таълимии ӯ дар мактаби миёнаи ба номи М. И. Калинин (ҳоло ба номи Мирзо Бобоҷонов) оғоз ёфта, сипас дар техникуми сохтмонии Ўротеппа идома ёфт, ки дар он ҷо дониши амалӣ гирифта, соҳиби ихтисоси техник-механик гардид. Аммо зеҳни пурҷӯши ӯ ором нагирифт. Орзуи омӯзиши амиқтар ва донишҳои густурдатар ӯро ба факултети иктисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) овард. Ў соли 1970 ин донишгоҳро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуда, дар остонаи оғози рисолати ҳаёти худ карор гирифт.

Аз моҳи сентябри соли 1970 сарнавишти Набиҷон Носиров бо донишгоҳ пайванди ҷудонашаванда пайдо кард, муассисае, ки барои ӯ ба хонаи дуюм табдил ёфт. Аз вазифаи ассистент оғоз намуда, ӯ худро зуд ҳамчун пажӯҳишгари умедбахш нишон дод, ба аспирантура дохил шуда, соли 1978 рисолаи илмии худро барои дарёфти унвони номзади илмҳои иқтисодӣ бо муваффақият ҳимоя кард.

Соли 1984 ба ў унвони илмии дотсент дода шуд ва чанд сол пас аз он ба унвони профессор сазовор гардид, ки ин эътирофи шоёни истеъдод ва заҳмати илмии ӯ буд…

Идомаи сарсухан ва матолиби дигари китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд