Китоби нав. М.Н. Раҳматзода: “Физикаи таҷрибавӣ”
Дар дастур масъалаҳои коркарди статистикаи натиҷаҳои ченкуниҳо, ки дар лабораторияҳои таълимии физикӣ иҷро карда мешавад, баррасӣ шудааст. Мухтасари асосҳои назариявии баҳододи нуқтавӣ ва интервалии бузургии физикаи ченшаванда пешниҳод шуда- аст. Баёни матлаб бо мисоли коркарди натиҷаҳои мушаххас пурра карда шудааст. Дар замимаҳо ҷадвалҳои статистикаи зарурӣ оварда шудааст. Аз дастур омўзгорони фанни физика дар ташкили раванди корҳои таълимӣ, аз ҷумла барои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ истифода бурда метавонанд.
Маводи дастури пешниҳодшуда, инчунин ба донишҷўён, магистрантон ва докторантони (РhD) мактабҳои олӣ барои такмили маҳорати иҷрои корҳои лабораторӣ ва коркарди натиҷаҳои ченкунии физикӣ муфид мебошад.
Муаллиф дар пешгуфтораш ба китоб навиштааст, ки дастури таълимии “Физикаи таҷрибавӣ” барои донишҷўёни факултети физикаю техникаи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” пешбинӣ шудааст, зеро ба онҳо имкон медиҳад, ки оид ба қоидаҳои таҳия ва тартиб додани натиҷаҳои ченкунии худ, ки дар лабораторияҳои физикӣ иҷро менамоянд, тасаввуроти фаҳмову зарури пайдо намоянд. Бо вуҷуди ин, ки ин дастур метавонад ба магистранҳо ва докторантон низ дар пешниҳоди натиҷаҳои фаъолияти илмии худ дар корҳои илмӣ-таҳқиқоти кўмаки методӣ расонад.
Дастури методии “Физикаи таҷрибавӣ” дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа аст.
Умеда Қосимова, мутахассиси пешбари
шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ,
техникӣ ва илмҳои дақиқ.