Китоби нав. Маҷид Салим: «Қафасоб»

Маҷид СалимХонандагон ба ҳикоя ва қиссаҳои адиби табиатшинос, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим хуб ошно ҳастанд. Китоби нави ӯ Қафасоб дар бораи олами пурасрору баъзан ғайриодӣ ва пурмоҷарои ҳайвоноту парандагони нодири Тоҷикистон ҳикоят мекунад.

Гуфтанист, ки нахустин ҳикояҳои Маҷиди Салим дар ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта ба табъ расидааст. Ҳоло ӯ муалифи маҷмӯаи қиссаю ҳикояҳои «Гурги похурда», «Зоғеву доғе», «Панҷаи ҳасрат», «Ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот», «Чӯҷаи кабк», «Алибоҷ», «Аз паи паланг», «Уқоб ва лошахӯр», «Лонаи мусичаҳо», «Дар паноҳи сабзбеша», «Сангодавак», «Шоҳпарк ва рангинкамон», «Намадгардак», “Қафасоб” ва романи «Хирс» мебошад.

Маҷид Салим ба унвонҳои ифтихории корманди фахрии муҳити зисти Тоҷикистон, «Аълочии фарҳангӣ Тоҷикистон», «Аълочии матбуот», «Аълочии тлевизион ва радио», «Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва медали «Барои хидматҳои ҳарбӣ» мукофотонида шудааст.

Китобҳои Маҷид Салим «Человек идёт к зверю» ба русӣ ва «Чӯпон итининг ӯлими» ба ӯзбекӣ нашр шудаанд.

Қиссаи “Муму”-и И.С. Тургенев ва «Каштанка»-и А.П. Чеховро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнист. Барои силсилаи ҳикояву очеркҳояш дар мавзӯи табиату ҳайвонот сазовори Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардидааст.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Умедворем хонандагон аз мутолааи китоби нави адиб як ҷаҳон маънӣ хоҳанд бардошт.

Хоҳишмандон китоби “Қафасоб”-и Маҷид Салимро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.