Китоби нав: Маҷид Салим; «Бешаи палангон -мавзеи сайёҳӣ»

Бешаи палангонХонандагон ба ҳикоя ва қиссаҳои адиби табиатшинос, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои филология Маҷид Салим василаи нашри асарҳояш хуб ошно ҳастанд. Китоби нави илмии – оммавии ӯ «Бешаи палангон – мавзеи сайёҳӣ» дар бораи табиати зебои нахустин мамнуъгоҳи Тоҷикистон, ки имрӯз ба макони гардишгарӣ табдил ёфтааст, нақл мекунад.

Китоб бо сарсухани муаллиф оғоз шудааст ва ҷузъиёти таҳияи китобро дар муроҷиат ба хонанда иброз доштааст. Аз ҷумла Маҷид Салим менависад, ки чун адиби табиатшинос ман ба бисёр гӯшаю канори Тоҷикистон сафар намудаам. Қалби манро кӯҳҳои асроромези Бадахшону дарёи Зарафшон ва дараи Камарову рӯди Сайҳун кайҳо тасхир намудааст. Ва ҳангоми сафар ҳис мекунам, ки сайёҳӣ ягона роҳу тадбирест, ки дар шароити имрӯза баробари даромади иқтисодӣ ба боло рафтани шуҳрату обрӯи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи табиат мусоидат мекунад. Ва барои рушди туризм аз ҷумла туризми экологӣ, дохилӣ, кӯҳнавардӣ, шикор, геологӣ, шифобахшӣ замина мегузорад.

Охир, ҳар сол беш аз 20 – миллион нафар дар дунё танҳо дар ташкилотҳои сайёҳӣ ба ҷои кор таъмин мегарданд. Зеро рушди сайёҳӣ ба равнақу ривоҷи минбадаи соҳаи наклиёт, савдо, сохмон, кишоварзӣ боис мегардад. Иддае аз сайёҳон барои сайёҳии экологӣ ин минтақаи диёрамонро интихоб мекунанд.

Тобистони гарми имсол ман ба сайёҳони амрикоӣ, ки аз мамнуъгоҳи Бешаи палангон бармегаштанд, вохӯрдам. Ман ба чеҳраи офтобхӯрдаи меҳмони  хориҷӣ нигоҳ кардаму ба шигифт омадам. Охир вай дучархасавор ин қадар роҳро тай намудааст. Дар дасташ зарфи об дошт ва маънидорона нигоҳе карда гуфт:

– Аз мавзеи пурасрори Бешаи палангон дидан кунед. Боз ҳайратам афзӯд, ки гуфт: «Ҷаҳондида  бошу ҷаҳонхӯрда не». Меҳмон ба тоҷикӣ ҳарф мезаду шукри обу хоки Тоҷикистон менамуд…

Китоби Маҷид Салим “Бешаи палангон мавзеи сайёҳӣ”-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.