Китоби нав. Маъмури Аштӣ: «Фарёди дил»
“Фарёди дил” нахустин китоби Маъмурҷон Каримов аст, ки шеърҳои дар васфи Ватан, падару модар, фарзанд, ишқу ёру меҳри дӯстон навиштаи ӯро гирд овардааст.
Шуҳрат Муҳаммадзода-Раиси ноҳияи Ашт дар сарсуханаш ба китоб навиштааст, ки Маъмурҷон Каримов донишманди варзидаи илмҳои техникист. Солҳост, ки ӯ дар пешрафти ин соҳа заҳмат мекашад…
Пас аз паймудани басе фарозу фуруди роҳи зиндагӣ китоби орзуҳои деринашро бо шеърҳои нағз оростааст. Китоби “Фарёди дил” хонданист. Он ҳамнавои хонандаи бедордил аст. Ҳар касе парвардаи меҳру муҳаббати падару модару Меҳани азизу дӯстдори он аст, фарёди дили худро мешунавад.
Ин ҳама байту ғазалҳо бо меҳри бепоёни дил суруда шуда, ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшанд. Аз хондани чунин шеърҳо чашми кас равшан, хаёлаш рангин мешавад, ба қадри ширинии зиндагӣ мерасад.
Ин китоб саршор аз панду андарз, насиҳат ба фарзанд, меҳри падару модар, васфи Тоҷикистону ишқи пок аст.
Шоири маъруф Сайёд Ғаффор дар навиштае бо номи “Гулхани ишқ” шеъри Маъмури Аштиро ин гуна таҳлил кардааст:
Маъмурчон аз ҷавонӣ дилбастаи шеър будааст. Бо ҳасрат аз мактаб ёд мекунад, ки чӣ гуна зуд бигзашт “Мактабам” яке аз шеърҳои нахустини ӯст, ки барои занги охир нигоштаст:
Ҳар саҳар мехезаму сӯят равонам, мактабам,
Бо дили пур аз умед, эй меҳрубонам, мактабам!
Тарбият кардӣ маро бо роҳи неки зиндагӣ,
Аз ҳамин рӯ то абад ғамхор донам, мактабам!…
Чун дар Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон хонд, гирифтори ишқи омӯхтани илмҳои техникӣ монд. Ҳамин гуна дасташ ба шеър нарасид. Пас аз донишгоҳ камар дар кор баст. Кораш пеш рафт, ба ҷое расид. Лекин аз гардиши рӯзгор бисёр саргардону дилозурда гашт. Андар ин парешонию дармондагиҳо шеър буд, ки ба додаш мерасид. Сарводаро беҳин ҳамрози хеш бишнохт, Он гоҳ донист, ки дигар аз шеър ҷудоӣ нест. Ин сӯ бо ёди падар бигрист:
Эй падар, ҷонам, падар, бар дидаат зоре шудам;
Шеди хандонам, падар, бар дидаат зоре шудам.
Ин сӯ бо ёди модар бигрист:
Куҷои модарам? Болу парам бишкаст, сад афсӯс,
Нигину гавҳарам, тоҷи сарам бишкаст, сад афсӯс!
Чун дар шаҳр монд, меҳри зодгоҳаш – як гӯшаи зебои Тоҷикистон ҳамсафараш гашт:
Субҳи нағзи босафо дорӣ ту, Ашт,
Поку ширин чашмаҳо дорӣ ту, Ашт!
Эй макони аҳли заҳмат аз азал,
Мардумони бовафо дорӣ ту, Ашт!
Чун озмудаи гарму сарди рӯзгор бо дӯстони ғамгусор ҷавонмардона вафодор аст:
Аз дил барад заҳри дилат,
Осон кунад ҳар мушкилат,
Обод созад манзилат,
Дарде намебинад сарат,
Гар дӯст бошад дар барат!
Зиндагӣ ҳамеша якранг нест: хушию хурамӣ дорад, боз дарду доғ меорад. Ҳар чӣ бошад, шоир гуфтанист, ки ҳамроҳи азизони хештан бо меҳрубонӣ бояд зист!…
Пайванди меҳр ҷовидон бод!
Оташи ишқи ёру диёр дар дилаш ҳамеша фурӯзон бодо!
Китоби Маъмури Аштӣ “Фарёди дил” дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолиа аст.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.