Китоби нав: «Марзи умед» (Қисса ва ҳикояҳо)
Дар китоби мазкур намунаҳои тоза аз қиссаю ҳикояву
лавҳаҳои адиби шинохтаи тоҷикзабони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юнуси Имомназар гирд омадааст. Сужаи ҳар як асари нависанда аз зиндагии мардум, аз ҳаёти иҷтимоӣ ва фарозу нишебҳои рӯзгори одамони мухталиф гирифта шудааст.
Ҳамчуноне дар муаррифии кутоҳи китоб мехонем, “Қиссаи ҳоҷӣ” дар пӯшиши бадеӣ офарида шуда, барои ҳар
касе, ки майлу хоҳиши анҷом додани маносики ҳаҷ ва умраро
дорад, метавонад ҳамчун роҳнамои хубе хидмат кунад.
Қиссаи тамсилии “Армон” падидаи тоза дар адабиёти навини кишвари мост. Рӯйдодҳои онро метавон дар ҳама макону қишрҳои зиндагии одамон мушоҳида кард.
Нависанда бо ҳикоя ва лавҳаҳои худ саҳнаҳои гуногуни
ҳаётиро ба тасвири бадеӣ мекашад ва ба ин васила инсонро бо вуҷуди ҳар гуна тазйиқу садҳои мавҷуд аз ноумедӣ ба
ҷаҳони орзуҳо ва таваққуъ, аз бечорагӣ ба зинаҳои худкифоӣ,
аз рукуду танбалӣ ба остонаи ғайрату ҳамийят, аз худбохтагӣ
ба худшиносӣ раҳнамун месозад.
Ин китоб бо муҳтавои рангин, гирумони ҷолиби бадеӣ ва
баёни хос ба дӯстдорони воқеии адабиёт, хонандагони синну
соли мухталиф пешниҳод мегардад.
Хонандагони азиз китоби «Марзи умед» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Анушаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.