Китоби нав. Мэри Бойс: “Чакидаи таърихи кеши Зартушт”
Ин китоби пурарзиши таҳқиқи дар бораи оини зартуштӣ ҳамин сол дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Муаллиф Нора Элизабет Мэри Бойс-олим ва донишманди бузурги англис мебошад. Ӯ дар омӯзиши забонҳои эронӣ ва ба вежа зардуштшиносӣ шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.
Китобро аз рӯи тарҷумаи Ҳумоюн Санъатизода, интишороти “Сафиалдишоҳ”, Теҳрон, соли 1377 шамсӣ Ҳошимҷон Аслонов ба крилӣ баргардон кардаанд.
Муаллиф Нора Элизабет Мэри Бойс дар пешгуфтори асараш аз ҷумла овардааст:
Ин асар бар пояи панҷ хитоба, ки дар соли 1985 дар донишгоҳи Колумбиё эрод шуд, таълиф шудааст. Унвони хитобаҳо “Се ҳазор сол имон ба кеши Зартушт”,аммо барои китоб унвони дигаре интихоб шуд, то ба гунаи гуётар бар мазмуни китоб далолат кунад. Кардинол Ниюман ин назарияро иброз доштааст, ки яке аз далоили барҷаста ва боризи дурустӣ ва ҳаққонияти ҳар мазҳабе “нерумандӣ ё хешбинигии ҳамешагии”он аст. Ва ин маъниро дар бораи дини Масеҳ ва дини Мусо (а) содиқ медонад ва иддао дорад, ки аз миёни анбуҳимазоҳиби роиҷ дар Ховари наздики рӯзгори импературии румиён танҳо ин ду кеш ҳастанд, ки он нерумандӣ ва хушбинигиро доро будаанд, то битавонанд дар баробари амвоҷи ҳаводис давом биёваранд. Шояд фаромӯш кардааст, кеши Зартушт, ки ҳатто пеш аз зуҳури масеҳият яке аз солдидатарин адён буд, ҳанӯз ҳам побарчост. Ҳадаф аз ин китоб, тавҷеҳ ва тавзеҳи ин амри хорикулода дароз ва неруманди ҳайратангез аст.
Ду фасли аввали китоб, заминачини лозим барои чунин тақолӣ аст ва умуман, дар бораи тӯлу умри ҳақиқии ин кешӣ бостонӣ мебошад. Ҳол дигар, аксарият қариб ба иттифоқи пажӯҳишгарон, таърихи сохтагӣ ва ғайривоқеии садаи шашуми к..а..м. ба унвони рӯзгори зиндагии Зартушт, (ки наздик ба яксад сол сабаби эҷоди ошуфтагӣ дар мутолиоти Зартуштӣ шуда)-ро мардуд медонанд. Иттифоқи раъйе ҳосил шуда, ки Зартушт паёмбар, лоақал беш аз ним ҳазора зудтар, яъне дар ҳаволии садаи дувоздаҳуми к..а.м. мезистааст. Агар Зартуштро мутаввалиди садаи шашуми к..а..м. бидонем. маънояш ин мешавад, ки муосири Куруши Кабир буда ва пайдоиш ва зуҳури кеши ӯ тақрибан мукорин бо бунёдгузори шоҳаншоҳии Хаҳоманишиён мешавад. Аммо таърих зудтар, наздик ба шашсад сол миёни ин ду рӯйдод фосила меандозад ва Зартуштро дар асри куҳантар медонад. Бинобар ин сайъ шуда, ки таолими вайро дар чаҳорчуби ҷомеаи бостонии худи ӯ баррасӣ кунем. Он гоҳ таҳаввулоти кеши ӯро то он ҷо, ки медонем ва ё ба гунаи мустадил метавон фарз кард, дар тайи қуруне, ки барои он санад ва мадраки катбӣ надорем, радёбӣ кардаем. Сипас ба давраи таърихии эрониёни хаҳоманишинӣ ва сосонӣ пардохтаем ва фаслҳои ахир шомили кулиёте дар бораи кеши Зартушт дар Эрони исломӣ то авосити садаи бистуми мелодӣ мебошад. Инчунин, бақо ва давоми кеши суннатӣ ва марсуми то ба имрӯз радёбӣ кардаем (мурод ва кеши суннатӣ ва марсум он таъолим ва фароизе аст, ки ба худи Зартушт мансуб мебошад).
Китоби “Чакидаи таърихи кеши Зартушт” ҳамакнун дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа мебошад.
Гулистон Лундишоева,
сармутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.