Китоби нав. «Мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон»

Мероси фарҳангӣ дар ТоҷикистонҶумҳурии Тоҷикистон дорои ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ мебошад, ки гувоҳи сарзамини бостонию  тамаддун будани он аст. Дар баробари қаълаву кӯшкҳо, масҷиду мадраса, манора, мақбараҳои шахсиятҳои бонуфуз, инчунин гӯристонҳо, ғорҳо, кӯҳу қуллаҳо, чашмаҳо, харсангҳо, катибаҳо, дарахтони азимҷусса ва объектҳои дигари фарҳангию табиӣ дар кишвари мо зиёданд, ки ҳар кадом фарогири таърихи шифоҳӣ, наклу ривоятҳо, бовару эътиқодҳо, одобу русум ва дигар анъанаҳо буда, натанҳо барои мардуми он мавзеъҳо, балки барои сайёҳону олимон низ ҷолиби таваҷҷуҳ мебошанд.

Муҳаққиқон ва коршиносон фарҳангро ба ду шакл: моддӣ ва ғайримоддӣ (маънавӣ) тасниф кардаанд. Ташкилоти бонуфузи зертобеи СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) низ вобаста ба ин тасниф конвенсияҳои ҷудогонаро таъсис дода, дар ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои он ҷиҳати ҳифзи мероси фарҳанги моддию ғайримоддӣ талош меварзад. Аз он ҷумла, дар моддаи 14, банди сеюми «Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ» омадааст, ки ҳар кишвари аъзо бояд барои муҳофизати мавзеъҳои табиӣ ва ёдгориҳои таърихӣ, ки мавҷудияти онҳо барои баён ва иҷрои мероси фарҳанги ғайримоддӣ муҳим мебошанд, тадбирҳо андешанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари аъзо дар татбиқи конвенсияҳо ЮНЕСКО саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Дар кишвар беш аз 3000 адад ёдгориҳои моддӣ ва мавзеъҳои табиӣ мавҷуданд (ниг «Феҳристи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ. – Душанбе, 2016), ки дорои таърихи гуногун буда, сарватҳои бебаҳои кишвар ба шумор мераванд. Мутаассифона, ба ҷуз аз баъзе ёдгориҳои таърихӣ, дигар мавзеъҳои табиӣ – фарҳангии кишвари мо мавриди омӯзиши этнографию фарҳангшиносӣ қарор нагирифтаанд. Чунончи, мавзеъҳои чилдухтарон (Муъминобод, Деваштич), чилтанҳо (Фархор, Файзобод, Тавилдара, Рӯшон), чашмаҳои шифобахш (Чилучорчашма, Чашмаи Фотимаи Заҳро, Шамбарӣ…) остонаҳо (Шутурсанг, Сумби Дулдул, Шоҳқамбари Офтоб…),кӯҳи хоҷа Муъмин (Восеъ), Кони Намак (Ҳисор), дарахтони чинору бурсҳои азимҷусса (Истаравшан, Ваҳдат, Рӯшон..) ва садҳо маконҳои муқаддасу таърихӣ мавҷуданд, ки дар рӯзгори маънавии сокинони он ҷойҳо нақши муҳим доранд, вале аксари онҳо тоҳол аз нигоҳи мардумшиносӣ таҳқиқ нашудаанд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуда буд. Ба ин муносибат соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рушду ривоҷ ёфта, шумораи сайёҳон рӯз ба рӯз афзуда истодааст. Яке аз воситаҳои ҷалби сайёҳон, дар баробари табиати зебо ва ёдгориҳои меъморӣ, мавзеъҳои табиию фарҳангӣ мебошанд. Барои рушд додан ва ба талаботҳои лозимӣ мутобиқ намудани объектҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ пеш аз ҳама онҳоро аз нигоҳи мардумшиносӣ омӯхтан лозим аст.

Ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мутобиқи мавзӯи лоиҳаи «Таҳқиқи мероси фарҳанги ғайримодии марбут ба ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва мавзеъҳои муқаддаси Тоҷикистон» (2021-2025) дар соли 2023 бо мақсади омӯзиш, гирдоварии мавод ва таҳқиқи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ ба шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ноҳияи Сангвор сафарҳои хидматӣ анҷом дода, маводи мардумшиносӣ гирдоварӣ карданд. Ҳангоми сафар онҳо доир ба ҳар як ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ саволномаҳои инвентаризатсионӣ пур карданд.

Ин китоб шумораи аввали силсилакитоби нав бо номи «Мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон» буда, як навъ идомаи 12 шумораи силсилакитоби «Фарҳанги ғайримодии халқи тоҷик» мебошад. Тафовути ин ду китоб дар он аст, ки китоби нав қисман фарҳанги моддиро низ дар бар мегирад. Китоби мазкур аз 5 бахш иборат буда, унвони бахшҳо чунинанд:

Бахши 1. Анъанаи шифоҳӣ: Бахши 2. Расму ойинҳо: Бахши 3. Донишу таҷрибаҳо: бахши 4. Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ ва бахши 5. Касбу ҳунарҳо.

Хонандагон китоби «Мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.