Китоби нав. Милоди муҳаббат. Мақолае аз Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона  

Мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ чанде пештар ба Китобхонаи миллӣ китоб туҳфа кард бо номи “Милоди муҳаббат”. Китоб аз рӯзгор ва осори Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев аст. Мураттиби китоб Сайдулло Убайдуллоев буда, мегӯяд бори аввал ба таври комил тамоми офаридаҳои ин хунёгари маъруф дар шакли як китоб ҷамъоварӣ шудааст.

Он чизе, ки диққати моро бештар ҷалб кард, як мақолаи хеле пурмуҳтавои шаҳбонуи шеъри тоҷик Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ буд. Хостем онро хонандагони сомонаи мо ҳам бихонанд.

Муҳри Ҷовидон

Ин нуқта мусаллам аст, ки ҳар ҳунарваре ба мартабаи халлокият намерасад. Хосса, бо ҳунари овозхониву қавволиву сарояндагӣ, ки дар аҳди шабоб ҷазаботу рабоишҳои бештар дорад, ҳама умр маҳбубу матлуби ҳамагон мондан басе душвор аст. Чунон рафтааст, ки ҷавонони хонандае бо хушсадоиву хушлиқоиву хушадоӣ чашмҳову дилхоро фатҳ мекунанд, аммо лиқову адову зебоиҳои суварӣ муҳлати мадид надорад ва садо пайваста тамрину такмил мехоҳад, ки агар андаке ҳунарвар коҳил шуду танаффус кард, меҳрҳову иродатҳо ҳам таваққуф мекунанд. Ҳунарманди ростин аслан ба шуҳрату мақбуливу маҳбубӣ ҳам намеандешад. Мисли офтоб, ки дар рутбаи рафеи худ ҷовидон поянда аст ва ҳаргиз аз он авҷу арҷи воло поён намеояд, мисли офтоб, ки масъулу маъмури офариниши анвор аст, мисли офтоб, ки ҷавониву пирӣ надорад, хамешаҷавон асту ҳамешапир, ҳамеша нуронӣ, ҳамеша мазҳари сӯзу соз, ҳамеша масдари эъҷоз. Ҳунарманди халкқии Тоҷикистон устод Ҷурабек Набиев ҳам дар ҳамин мақоми хуҷастаи офтобӣ қарор доранд. Овозхонеанд, ки зиндагонии худро дар роҳи ҳунар ва зебоӣ мафраш кардаанд, ҳунарманде, ки тӯли қариб шаст сол бо садоқати бехалал ҷодаи ҳунарро чун саҷҷодаи ҳунар пазируфтаву дар он ҷабини саҷда ниҳодаанд. Балки на, чаро шаст сол? Нахустин тарона аввалин садои тифл баъди милод аст. Овозхони муаззам ҳам аз рўзи милодаш ҳунарвар аст, зеро аввалин таронаҳои маъсумашро дар замони кудакӣ мехонад. Устод Ҷўрабеки Набӣ ҳам дар деҳкадаи пурнишоти Ғўлакандоз таронаҳои нахустинашонро барон уфуқҳои дури офтобоғўш, барои абрҳои ромишгари бирешимнавоз, барои саҳроҳои навсабзи урдибихиштӣ, дарахтони шукуфаовези наврўзӣ, барои модари азизу дилбанд мехонданд. Он рӯзгор сурудҳояшон зарбу оҳанги нишоту шодиву масаррат дошт ва дилашон бо паёми ояндаҳои саодатбахш зебо метапид. Баъдан, ки барои таҳсил ба донишкадаи омӯзгории Хуҷанд омаданд, барояшон марҳалаи тозаи зиндагӣ оғоз шуд ва ин давроне буд, ки устод дарёфтанд: Ҳунар муҳри ҷовидони сарнавишташон аст! Дилашон дигар аз муҳосираи зебои ин ишқ: ишқи мусиқӣ, ишқи навову ағонӣ, ишқи шеър раҳоӣ надорад. Устод ҳануз аз солхҳои 1965-1966 аввалин таронаҳоро бо оҳангҳои марғубу ҷоношуб аз рўйи ашъори Мирзо Турсунзода, Рахим Ҷалил, Бокӣ Раҳимзода, Муҳиддин Фарҳат, Озод Аминзода, Абдумалик Баҳорӣ ба шефтагон тақдим карданд. Аз он рўзгори саодатмуҳр то имруз як таронаи хушбахти устод бо матни шоири ишқсаро Абдумалик Баҳорӣ вирди забонҳову шодибахши ҷонҳост:

Гарчи ту ёд зи боғам накун,

Бўи гулро ба димоғам накунӣ.

Набиёиву суроғам накунӣ,

Наравад ёди ту ҳеҷ ёди ту ҳеҷ аз ёдам,

Қади шамшоди ту ҳеҷ аз ёдам.

Шояд чандин шеърӣ ичтимоӣ мояву моҳияти дўшини худро дар замони кунуни аз даст додааст, аммо инчунин чакомаи ширини ёд ва инчунин шамимаи афифи мухаббат магар фаромўш мешавад?! Падидаи некўст, ки ҳанўз дар оғози роҳи ҳунар солҳои 1969 -70 устод Ҷўрабек аз ашъори шуарои муосири Эрон Маликушшуаро Баҳор ва Симини Беҳбаҳонӣ, ки он даврон дар Тоҷикистон барои ом чандон ошно набуданд, тарона месуруданд. Дар тўли зиндагии ҳунарӣ устод бештар аз 150 суруд ба забони тоҷикӣ ва ҳудуди ҳамин миқдор ба забони ўзбекӣ таронаҳо офаридаанд. Муҳимтарин рукни эҷоди Ҷўрабеки Набӣ он аст, ки устод чун фарзанди шарафманди Мавлоно Ҷомиву Ҳазрати Навоӣ барои тазвиҷу тарвиҷу ташвиқи ҳунару мусиқии ин ду миллати муборак хидмат кардаанд ва боре якеро бар дигаре тарҷеҳ надодаанд ва боре инро аз он камтар надидаанд, мисли ду чашми азиз, ки наметавон гуфт, яке аз дигаре қимати бештар дорад, яке асл асту дигар фаръ, зеро он ҳарду чашм якдигарро комилтару қавитар мекунанд. Устод Ҷўрабек ҳам, ки дилбастаи ҷовидони Мавлонои Балханд, медонанд, ки Мавлоно фарзанди ин маҳалу он маҳалу ин қитъаву он қитъа набуд, фарзанди кулли башар буд, фарзанди Ишқ буд!

Касе, ки зодаи ишқи парирухе бошад,

На зодааст зи Одам, ки модараш Ҳавост.

– мегӯяд Мавлоно.

Ҷўрабеки Набӣ ҳам фарзанди миллати ўзбеканд, ҳам фарзанди миллати Одам Алайҳиссаломанд, аз миллати Муҳаббатанд, балки аз миллати Худоянд, зеро:

Миллати ишк аз ҳама динҳо ҷудост,

Ошиқонро миллату мазҳаб Худост!

Аз ибтидои зиндагии ҳунарӣ устод Ҷўрабеки Набӣ ба осори ниёкон рӯ оварданд ва то имрўз маҷзубу маҷнуни ин ашъор мондаанд. Устод ба шеърҳои Рўдакиву Амир Хусраву Аттору Саъдиву Мавлонову Ҳофизу Камолу Туғралу бузургони дигар рўҷуъ намудаанд. Ашъори чандин шуарои воқеан муаззами ҳанўз дар замони мо камиштиҳорро, аз ҷумлаи Носири Бухороӣ, Ваҳшии Бофқӣ, Ҷазбӣ, Шўхии Хуҷандӣ ба аҳли назар манзур кардаанд. Устод ба ҷуз оҳангсози навофарину сарояндаи қавӣ буданашон гавҳарии суханшиносу рамзошно низ ҳастанд. Ҳамеша муҳаққиқона ба рози сухан нақб мекананд ва шеъррову оҳангро дар ду палаи мизон баробарвазн медонанд. Амир Хусрав дар рисолаи мусиқии худ ишораҳое  дорад, ки мақоми мусиқӣ аз шеър болост, аммо Одамушшуаро Рудакӣ мегуяд:

              Агарчи чангнавозон латифдаст буванд,

              Фидои дасти қалам бод дасти чангнавоз.

 Устод Ҷўрабеки Набӣ навову суханро чун дилу ҷон азиз медоранд:

Фарқи ҷон аз дил намедонам, ки чист,

Ҷону дил, он ҳам ту бош, ин ҳам ту бош!

Устод ҳангоми навоофаринӣ ба тааммуқ ба мағзи шеър сафар мекунанд ва бо чашми резбину дили розбин ба матлаби шоир роҳ мекушоянд. Ин тариқи суханшиносии устодро аҳли назар кайҳо пай бурдаанд. Дар маҳфиле устод аз ҳазрати Ҳофиз ғазали наврўзӣ хонданд, ки байте дошт:

                       Чу гул гар хурдае дорӣ, Худоро, сарфи ишрат кун,

Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандўзӣ.

Устод бо такя ба Қуръони Карим шарҳ доданд, ки Қорун бо молу мулки беҳисобаш бо амри Худованд дар хок фурў шуд, пас мо бо ҳирсу иштиёк набояд ба дунболи амволи олам бидавем, ҳирси мо бояд ба андўхтани донишу ҳикмату таҷриба ва афрӯхтани чароғи муҳаббат бошад. Бинед, ки ҳар гул дар дохилаш андаке махмалаки зард дорад, ки онро зари гул мегӯянд. Як хурда, яъне каме зар, ки гул дорад, кифоят мекунад, ки чанд рӯзи баҳорро бо хушӣ шодбод гўяд. Қаноату чашмсерӣ худ сарвати азим аст. Аз чунин шарҳу баёни устод Чўрабек маҷлисиён басе барои худ тўшаи анвор меандўзанд. Худи устод низ аҳли қаноатанд. Ҳаргиз ба дунболи симу зару молу коло нарафтаанд ва ба даргоҳи касе барои ҳочат cap хам накардаанд, ба ҷуз даргоҳи Парвардагори Якто. Устод фақат ба ҳамин даргоҳи қудс ҷабини саҷда ниҳодаанд ва барои халқу барои худашон аз ин боргоҳи раҳмат давлат металабанд: Давлати саломатӣ, давлати умри дароз, давлати саодат, давлати идомаи ҳунар, давлати шоистаи камол, давлати суҳбати рўшанроён, давлати ишқ. Мо ҳам аз даргохи Ҳазрати Маннон мехоҳем, ки дуоҳои устод пайваста мустаҷоб шаванд. Устод умри мадиди босаодат бинанд ва чун пули висол миёни тоҷикону ўзбекон побарҷо бошанд, боз ҳам андалебона ушшоқи муҳаббат сароянд, боз ҳам наврўзҳои навояндаро даркушоӣ кунанд, боз ҳам шогирдони навинро иршод бахшанд, боз ҳам халқи азизро бо меҳру эътиқоди бебадал дуруд гуянд:

Зинда бош, эй чашмаи илҳоми ман,

Халқи ман, эй асли нангу номи ман.

Шодбахтам, з-он ки бо шеъру ҳунар

Сарфи айёми ту шуд айёми ман!

Ин чакомаи меҳру иродатро ман ба унвони арҷманди ин ҳунарманди ба қавли ҳазрати Ҳофиз гуёи асрор эҳдо кардаам:

Омадӣ, мусиқии даре ба мо омухтӣ,

Савти шабиам, шеваи субҳи сафо омухтӣ.

Булбулона боз кардӣ дафтари адвори гул,

Эй ки аз гул ҳарфу аз булбул ҳичо омухтӣ.

Қуллаи авҷи ҳунар аслан, ки одам будан аст,

Бе муаллим сабки инсони расо омўхтӣ.

Сарбаландии чунонро аз куҷо дарёфтӣ,

Хоксории чунинро аз куҷо омўхтӣ

Халқро марҳам шудӣ, маҳрам шудӣ, ҳамдам шудӣ,

Чун бидидӣ бенавоеро, наво омухтӣ.

Лутф кун, сад соли дигар бошу бар мо ёд деҳ,

Ин ҳунарҳоро, ки бо фазли Худо омухтӣ.

 

Баргирифта аз китоби  Милоди муҳаббат. Аслиддин Низомӣ. – Душанбе, 2021

Мутахассиси пешбари шўъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар: Одиназода Парвона