Китоби нав. Муҳаммадхоҷа Назар. Поэтикаи насри Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Камолуддин Ҳусайн ибн Алӣ Кошифии Сабзвории Байҳақии Воиз, ки дар таърихи пуршукуҳи мо машҳур ба Мулло ё Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ аст, аз дурахшонтарин чеҳраҳои илму адаби форсизабонон ба ҳисоб меравад. МавлоноҲусайн аз ҷумлаи он касонест, ки шахсияташон аз доираи як ҳавзаи муайяни рўзгор берун омада, ному корашонро чи хоссу чи авом шинохтаанду гиромӣ медоранд.
Дар мавриди осори Ҳусайн Воизи Кошифӣ ҳам пажуҳишҳо ва бозёфтҳои арзишманди тозаву куҳна кам нестанд. Махсусан, осори панду ахлоқӣ ва фаъолияти тафсирнависии Кошифӣ бештар аз дигар масоили марбут ба эҷодиёти ў мавриди таҳқиқоти алоҳида қарор гирифта, дар ин замина корҳои мукаммал дар адабиётшиносии мо бисёранд.
Рисолаи Муҳаммадхоҷа Назар “Поэтикаи насри Ҳусайн Воизи Кошифӣ”, ки чанде пеш дар нашриёти “Эр-граф” ба табъ расидааст, як асари тозаи пажӯҳишӣ атрофи эҷодиёти ин суханвари машҳур аст.
Китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Назар Баҳрулло,
шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ.