Китоби нав. Муҳаммадризои Неъматулло: “Дил ошнои туст”
Ин китоб соли ҷорӣ чоп шудааст ва маҷмуаи шеърҳои солҳои мухталиф навиштаи муаллифро дар бар мегирад. Дар сарсухане, ки ба китоб рӯзноманигор Абдуҳалим Салимзода навиштааст, муаллиф зодаи деҳаи Чапаев (ҳоло Ориёно) – и ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) буда, шаст сол доштааст.
Ӯ баъди хатми мактаби миёнаи рақами 20 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Садриддин Айнӣ) дохил шуда, онро бомуваффакият ба итмом расонидааст.
Ба шеъргӯйи хеле барвақт, ҳанӯз ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил карданаш оғоз намудааст. Шеърҳояш саршор аз фалсафаи зиндагианду панде барои имрӯзу фардоиёнанд.
Муаллифи сарсухан барои исботи фикраш чор мисраъ аз як ғазалаш оварда ва гуфтааст, ки “дар он саросар фалсафаи зиндагӣ нӯҳуфтааст”:
Бар ҷойи мӯсафеди тиҳӣ бе мағзу бенамоз,
Як лаҳзае бимон, ки шарму ҳаё кунам.
Тифле биёварам , ки супорам китоби ишқ,
То қарзи бандагӣ бо ҳузураш адо кунам.
Муаллифи сарсухан баъди як руҷуи мухтасар дар бораи ашъори гирдомада дар ин маҷмуа навиштааст: “Ман бошам ба ин марди шеърдӯсту шеърофар, шайдои сухани нобу дилрабуд роҳи сафед орзу мекунаму аз забони худаш мегӯям:
Хоҳам туро, эй сорбон, роҳи сафеди бехатар,
Дил бар Худо биспорамат, хуш бод анҷоми сафар.
Дилро қавӣ дорӣ агар дар ҳалқаи ранҷу азоб,
Бовар намо, ки мерасӣ дар сарзамини шеъри тар.
Барои ба сарзамини шеъри тар расиданаш ба ӯ илҳоми баланд, руҳи тавоно, талошҳои баробар ва қалами қатъӣ таманно мекунем…”
Хонандаҳои азиз бо китоби Муҳаммадризои Неъматулло “Дил ошнои туст” метавонанд дар Китобхонаи миллӣ шинос шаванд.
Фарзона ШАРИФОВА, мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.