Китоби нав. Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ

Мукотибаи-Садриддин-АйнӣДар ин китоб, тавре аз номаш пайдост, мукотибаи ду шаҳсутуни адабиёти навини тоҷик, устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ бори аввал комилу мукаммал гирдоварӣ шудааст. Китоб бо талоши узви пайвастаи АМИТ Хуршеда Отахонова омода шуда ва ба муносибати 90-солагии олими шинохта чоп шудааст. Дар сарсухани Хуршеда Отахонова аз ҷумла омада:

Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, ки дар бойгонии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст, бори аввал ба тариқи мунтахаб соли 1978 ба муносибати ҷашни 100 – солагии устод Айнӣ ба табъ расида буд. Он вақт мо имконият надоштем, ки ҳамаи мактубҳои ин ду устоди бузургро ба нашр ҳозир намоем. Аз ҷумла мактубҳое, ки ба солҳои 1937-38 марбут буда, воқеаҳои давраи шахспарастӣ, иғвоҳои дар атрофи устод Айнӣ баамаломадаро инъикос кардаанд, ба маҷмўа дохил нашуда буданд.

Аввал ин ки ин мактубҳоро мо дар даст надоштем. Аз тарафи дигар ҳанўз дар он солҳо бо вуҷуди ошкор шудан ва маҳкум гардидани шахспарастӣ барои интишори мадорики мушаххас доир ба ин масъалаҳо замина ба миён наомада буд. Танҳо баъд аз даҳ соли нашри « Мукотиба» ду мактубро доир ба саргузашти талхи Садриддин Айнӣ дар он айём ва ёрии беғаразонаи Абулқосим Лоҳутӣ ба ў устод Муҳаммад Осимӣ ба даст оварда, дар рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ба табъ расониданд ва асли онҳоро лутфан ба бойгонии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ супориданд. Нашри нави “Мукотиба” ин ду мактуб ва чанд мактуби дигарро аз бойгонии Институт, ки дар атрофи масъалаҳои мазкур баҳс мекунанд, дарбар кардааст.

Аз нашри пешинаи «Мукотиба» инчнин мактубҳои хусусияти шахсӣ дошта, яъне мактубҳое, ки дар онҳо сухан аз ҳаёти маишӣ ва модии оилавии онҳо меравад, берун монда буданд. Ҳоло мо тасмим гирифтем, ки ин қабил мактубҳоро ҳам ба маҷмўа ворид  созем, зеро ҳаёти шахсии одамони бузург аз ҳаёти ҷамъиятиашон ҷудонашаванда буда, он ҳам аҳаммияти таърихӣ, адабӣ ва тарбиявӣ дорад. Ҳар чизе, ки аз зери қалами ин нобиғаҳои  давр таровидааст, як ҷиҳати ҳаёти онҳо, хислатҳои инсонӣ, муносибати онҳоро ба аъзои оила ва атрофиён мунъакис менамоянд.

Дар охир баъзе мактубҳое, ки дар нашри соли 1978 бо сабабҳои гуногун ихтисоран зикр ёфта буданд, дар нашри нав ба таври пурра, яъне дар шакли аслиашон дохил гардидаанд.

Маҷмўа аз рўи санаи таълиф тартиб ёфта, нахуст мактуби яке ва баъд ҷавоби дигаре омадааст. Дар сурати набудани мактубҳои ҷавобӣ чанд мактуб яке паиҳам зикр меёбад. Аксари мактубҳо сана доранд, вале агар сана вуҷуд надошта бошад, санаи мактуби ҷавобӣ муайян гардида, дар қавсайн оварда шудааст.

Азбаски мактубҳо аҳаммияти таърихӣ доранд, имлои сухани муаллифон ба қадри имкон маҳфуз монд. Бинобар ин, дар тарзи навишти калимаҳои русию интернатсионалӣ ягонагӣ дида намешавад. Дар нашри ҳозир номаҳо бори дигар бо тақозои замон ва илми номанигорӣ  бозхонӣ шуда, таҳририу тасҳеҳи тоза шуданд.

Нашри аввали ин маҷмўа бо сарсхани Муҳаммад Осимӣ ба табъ расида буд. Як ҳафта пеш аз вафоташ устод Осимӣ сарсуханро бо илова ва таҳрир ба мо супорида, ба нашри нав фотиҳа дода буданд. Инак сарсухани эшон ба маҷмўа ворид карда шуд.

Китоби “Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Сайфура ИСКАНДАРОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи
илмӣ таҳқиқотӣ
.