Китоби нав. Муллошо Давлатов. “Аз таърихи шўриши Маҳмуди Торобӣ”
Рисолаи мазкур ба умеди ҳарчи бедорсозии ҳисси худогоҳию худшиносию миллатдўстии ватандорони васеи Тоҷикистон бахусус ҷавонон, ки созандаи ояндаи миллатанд, тариқи оммафаҳм ба табъ расидааст.
Муаллиф аз сарчашмаҳои муътақиду дастрас ранҷу азияти гузаштагони тоҷикро дар асари сиёсати ваҳшонии муғулони чингизию фурўхташудагони маҳаллӣ инъикос намудааст.
Дар рисола иродаи озодихоҳии мардуми Бухоро ва атрофи онро бо пешвоии Маҳмуди Торобию ҳамроҳони ў равшан намуда, оқибати баъдии онро дар зиндагии мардуми тоҷик равшан сохтааст.
Муллошо Давлатов доктори улуми тарих, муаллифи бештар аз сад мақола ва асарҳои илмӣ дар мавзўъҳои таърихнигорӣ, мардумшиносӣ ва бостоншиносии замонҳои мухталифи таърихи кишвар маҳсуб мешавад. Онҳо дар матбааҳои Ҷумҳурии Афғонистон, Эрон, Россия, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидаанд. Дастрастарини онҳо: «Асосҳои ҷомеъашиносии илмӣ» (китоби дарсӣ бо ҳуруфи форсӣ) -Кобул,1982: «Труд Мир Гулям Муҳаммад Губара – Афганистан на пути истории как источник по новой и новейшей истории Афганистана» -Москва, ГРВЛ, 1987: «Аҷдоди Муллошо»- Хуҷанд,1995: «Ҳадишаҳр ва Ҳадишаҳриён» – Хуҷанд,1996: «Меваи Истиқлол» – Хуҷанд, 2001: «Сопротивление таджикского народа монгольскому завоеванию» (1219-1223) – Душанбе, 2007 : «Героическое противовостояние таджикских народов против монгольскому завоеванию» (1219-1223) – Душанбе, 2009: Қисмати «Давлати Хоразмшоҳиён» дар китоби шашҷилдаи «История таджикского народа», ҷилди 3 (боби Хоразмшоҳиён)-Душанбе,2013: «Номе, ки баланд буду баланд монд» (бо ҳаммуаллифӣ) -Душанбе, 2014: «Приписнов В.И.-Русский таджикский ученый,политический деятель» (бо ҳаммуаллифӣ)-Хуҷанд, 2015% «Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Абўрайҳони Берунӣ»-Душанбе,2017 мебошанд.
Китоби “Аз таърихи шӯриши Маҳмуди Торобӣ”-ро ҳоло метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Шарофат Мирзоева.