Китоби нав. “Мушкилотҳои экологии ҷаҳони муосир”
Воситаи таълимии «Мушкилотҳои экологии ҷаҳони муосир» мувофиқи стандарти Давлатии маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барномаи таълимӣ барои тамоми донишҷӯёни тахассуси ДОТ дар ноҳияи Рашт татиб дода шудааст.
Курси мазкур барои тайёр намудани мутахассисони ояндаи соҳаи омӯзгорӣ пешбинӣ шудааст. Омӯзиши фанни мазкур барои тамоми ихтисосҳои гуногуни донишгоҳу донишкадаҳо, колеҷҳо бо мақсади омӯзиши паҳлуҳои асосии соҳаи экология ба донишҷӯёне, ки ба омӯзиши фанҳои гуногун сару кор доранд, ҳамчун замима омӯзонида мешавад.
Хусусан, ба донишҷӯёни факултетҳои география, муассисаҳои таҳсилоти олӣ муҳим ва зарур арзёби мешавад, чунки донистани маълумотҳои экологӣ ба мақсади ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба шумор рафта, бе омӯзиши ин фан маълумотҳои кофӣ ба даст намеояд. Ин фан донишҷӯёнро ба пахлуҳои асосии таъсири инсон ба табиат, ҳифзи муҳити зист, ифлосшавии таркиби об, норасоии сифати пасти оби нушокӣ, оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ, шинос менамояд.
Ин китоб ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили мутолиа аст.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.