Китоби нав: «Насри мустанад дар адабиёти муосири тоҷик»

адабиёти муосири тоҷикРисолаи  Малика Ҷӯраевна Муродова масъалаи инкишофи насри мустанад дар адабиёти муосири тоҷикро фаро гирифта, нуктаҳои меҳварии он дар заминаи эҷодиёти нависандаи маъруф Додоҷон Раҷабӣ ба миён гузошта шудаанд. Рисола аз се боб иборат буда, дар он назария, таърих ва анвои насри мустанад дар адабиёти тоҷик, осори мустанади Додоҷон Раҷабӣ ва хусусиятҳои бадею услубии осори мустанади ин нависанда баррасӣ гардидаанд. Рисола ба алоқамандони насри мустанад судманд хоҳад буд.

Насри мустанад чун як рукни махсуси насри бадеии тоҷик марҳилаҳои рушду такомулро аз сар гузаронидааст. Пайдоиши насри мустанадро метавон ба таҳаввул ва рушди осори насрии адабиёти қадимии форсу тоҷик пайванд дод. Аз достони сангнавиштаҳои кӯҳи Бесутун ва «Корномаи Ардашери Бобакон» то «Сафарнома»-и Носири Хисрав, таърихномаҳои маъруф «Таърихи Табарӣ», «Таърихи Бухоро», «Таърихи Систон» ва назири он, «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ, «Насиҳатнома»-и Кайковус, ҳикоёти марғубу дилписанди «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Чаҳор унсур»-и Бедил, «Мактубот»-и аксари суханварони гузаштаи адабиёти классики форсу тоҷик, «Наводир-ул-вақоеъ» ва «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития»-и Аҳмади Дониш, «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷи Ҳаким намунаҳои боризе аз ин намуди наср ба ҳисоб мераванд, зеро яке аз рукнҳои муҳимми ин навъи осор воқеанигорӣ, бо санаду далел сухан гуфтан аст. Аз ин рӯ, дар адабиёти куҳанбунёди мо насри мустанад дар шакли мактуб, сафарнома, ёддошт, воқеанома, ахбор, таърихнома, муросила, асарҳои тарҷумаиҳолӣ ривоҷ доштааст.

Пешинаи таърихии таҳаввул, ташаккул ва рушди осори насри мустанади адабиёти гузаштаи форсу тоҷик, ки бештар хусусияти тарҷумаиҳолӣ ва сафарномавӣ дошт, бешубҳа, барои адибони замони шуравӣ ҳамчун мактаби муҳимми эҷодӣ ва баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Барои ба вуҷуд омадани «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ, «Субҳи ҷавонии мо»-и Сотим Улуғзода, «Маъвои дил»-и Раҳим Ҷалил ва даҳҳо китобҳои дигар, ки дар адабиёти садаи бистум намунаҳои хуби насри ёддоштӣ ва тарҷумаиҳолӣ маҳсуб мешаванд, агар, аз як тараф, осори адабиёти гузаштаи форсу тоҷик ҳамчун раҳнамо ва замина хидмат карда бошанд, аз тарафи дигар, чун анъанаи адабиёти гузашта мавриди истифода қарор гирифтаанд. Зеро як рукни комёбии адибони муосири тоҷикро дуруст ва мувофиқи талаби эҷодӣ истифода бурда тавонистани анъана ташкил додааст. Агар анъанаи бойи насри бадеии халқию китобӣ ва шеъри оламгири Фирдавсию Низомӣ, Ҳофизу Саъдӣ ва дигар гузаштагони тоҷик намешуд, шояд повест, роман ва ашъори шуарои имрӯзаи мо ба чунин дараҷаи рушд намерасиданд.

Хонандагон китоби Малика Ҷӯраевна Муродова «Насри мустанад дар адабиёти муосири тоҷик»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд