Китоби нав. «Наврӯз ҷашни миллӣ ва байналмилалӣ»
Ин китоб соли ҷорӣ бо тавсияи Шурои илмӣ-методии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт чоп шудааст. Декани факултети таърих ва ҳуқиқи ин муассисаи илмӣ А.Идибеков дар ба китоб навиштааст, ки Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад.
Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеч як анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим марҳалаи зиёди пурпечутобро убур карда, то замони мо расидааст. Тавре, ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад.
Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Бояд гуфт, ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Доир ба таърихи пайдоиш ва баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст. Аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар осори бузургони мо маълумоти мустақим ва пурмазмун оварда шудааст. Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлол шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.
Ончуноне дар пешгуфтор мехонем, китоб маҷмуаи мақолаҳоеро дар бар гирифтааст, ки муаллифон чун маъруза дар конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Наврӯз-ҷашни миллӣ ва байналмилалӣ» қироат кардаанд.
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардони фонд.