Китоби нав. Ниҳонӣ: “Набзи дил”
Дар китоби мазкур шеърҳои тозаэчоди шоир Ниҳонӣ оварда шудааст, ки аз мутолиаи он кас ба дунёи рангину пуртаровати зебоӣ, ҳикмату фалсафаи рӯзгор ва табиати зебоманзари кишвар ворид мегардад.
Азиза Давлатшоева дар пешгуфтор ба ин китоб навиштааст: Маҷмӯаи тозанашри “Набзи дил” баёнгари ҳақиқатест, ки шеър дар ҳама давру замон ҳамкадаму хамсадо, хамрозу ҳамсози мардуми табиатан шеърдўст ва фарҳангсолори точик мебошад. “Набзи дил” маҷмуаест, ки шоир Ниҳонӣ дар тавсифи мавуъҳои ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, ифтихори баланди миллӣ, мукаддасоти миллат, арҷгузори ба зан-модар, ишки пок, чавонони хушбахти ин кишвари биҳишосо, арзишҳои миллӣ ва гузашта аз ҳама фазилати абармарди дунёи сиёсат, Пешвои муаззами миллат, шахсияти таърихӣ, ки бо ҷонфидоиҳои худ асоси давлатдории навини тоҷиконро замина гузоштааст-мухтарам Эмомали Рахмон оқилона ба риштаи назм овардааст. Шоир мисраи шеъри “Рӯзи тоҷикон”-ро бо баёне саршор аз меҳру муҳаббат ба халқу миллат шевою зебо ба калам кашидааст:
… Окилу доно бидонандат, хирадманду закй,
Низ рамзу бахти аҳли точикон андар чаҳон…
Таҳлили ашъори шоир Ниҳонӣ таҷассумгари маъниҳои малакутй, завқу шавқи зебоишиносӣ, дарку эҳсоси маъниҳои бикр ва эҳсоси ҳар зарби тапиши дил ва розу ниёзи мардум мебошад. Зикр намудан ба маврид аст, ки шоир Ниҳонӣ дар тамоми шаклҳои шеърӣ истеъдоди табий ва маҳорати баланди шоирии худро сайқал додааст. Бо ин ҳама оростагии шакливу маънавӣ ва фишурдагиву мазмуни баланд, шоир аз тасвирҳои чузъй, ки аз зеварҳои аслии сухан аст, сарфи назар намекунад:
…Биомӯз он қадар ҳикмат, ки ёбӣ хубтар сайқал,
Ба ин сатҳе, ки донои ду-се лафзу забон бошӣ.
Шиновар бош, ҳам сайёд, ҳам сайёҳу шатранҷӣ,
Қавитан бошу боғайрат, фузун то пуртавон бошӣ…
Китоби нави шоир Ниҳонӣ “Набзи дил” ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа аст.
Зумратбӣ Эмомова, сардори шуъбаи
хизматрасонӣ ба истифодабарандагон