Китоби нав. Нураҳмад Ахмедов: “Муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ”

Муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣИн китоб чун воситаи таълимӣ дар асоси барномаи ҳуқуқи оилавӣ ва қонунгузории амалкунанда ба таври мухтасару мушаххас ба масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамсарон, баъзе меъёрҳои нави ҳуқуқи оила, муносибатҳои ҳуқуқии падару мода рва фарзандон, масоили никоҳ ва қатъи он, фарзандхонӣ, уҳдадориҳои алименти падару модар ва аъзои дигари оила, васояту парасторӣ ва дигар муносибатҳои оилавиро фаро гирифтааст. Китоби мазкур барои шахсоне, ки ба институтҳои ҳуқуқи оилавӣ ва низоми муосири ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ доранд, донишҷӯён, магистрантҳо, омӯзгорони фанни ҳуқуқ, хизматчиён давлатӣ ва ҳуқуқшиносон тавсия дода шудааст.

Муаллиф дар пешгуфтори китоб навиштааст, ки оила арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта, дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳим мебозад. Оила биноест, ки барои тамоми умр бунёд ва ороста мешавад. Зербинои таълиму тарбия дар оила устувор гашта, рушду такомули зеҳнии инсон аз муҳити хонавода ибтидо мегирад ва амсоли ҷамъият ҳамқадами замон рушду ташаккул ёфта, вобаста ба муҳити маънавии ҷомеа шаклу мазмуни нав пайдо мекунад.

Мутобиқи баъзе нашрияҳои илмӣ, маҳз шакли оиладорӣ метвонист дар замони дуру дароз самти умумии таҳаввули низомҳои хурди иҷтимоиро муайян кунад. Ҳар як узви ҷомеа, ғайр аз мақоми иҷтимоӣ, мансубияти этникӣ, моликиятӣ ва моддӣ, аз лаҳзаи таваллуд то охири ҳаёт соҳиби муносибатҳои оилавию никоҳӣ мебошад.

Бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳои ҷомеаи муосир яке аз талабҳои асосии пешрафти ҷомеаи муосир буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии онҳо чораҳои доимӣ бояд андешида шаванд.

Маҳз аз ҳамин ҷиҳатҳо оила сутуни ҷамъият ба шумор меравад, ки андӯхтаҳо ва рӯҳи миллатро дар низоми иҷтимоӣ поянда медорад. Бо чунин назардошт, муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ташаккули оилаи солим ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти кишварамон қарор дорад.

Маълум аст, ки таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқҳои оилавӣ дар кишвари мо зери назорат ва диққати доимии Ҳукумати кишвар аст. Вале бо вуҷуди ин дастгирии ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт муаммоҳои ҳалталаб кам нестанд. Аз ин рӯ, дар ин самт давлат барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳким бахшидани оила ва муносибатҳои оилавӣ чораҷӯи менамоянд.

Ин аст, ки ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқӣ барои пешрафти ҷамъият, таъмини шароити муътадили фаъолият барои ҳар як узви ҷомеа, вазифаи аввалиндараҷаи давлат буда, кафолати таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои онҳо дар қонунгузорӣ мустаҳкам мегардад….

Дар китоб падидаҳои муҳими ҳуқуқи оилавӣ, аз қабили мафҳум, предмет, сарчашма ва муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ, баамалбароии ҳуқуқи оилавӣ, танзими ҳуқуқии ақди никоҳ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳамсарон, ҳуқуқи кӯдакони ноболиғ, уҳдадориҳои алиментдиҳӣ, фарзандхонӣ, васояту парасторӣ, асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар падидаҳои ин соҳа ба таври мушаххас мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Яъне дар воситаи таълимӣ мавзӯъҳои асосии ҳуқуқи оилавӣ ҷой дода шуда, барои шиносоӣ пайдо намудани донишҷӯёнӣ бо падидаҳои асосии ҳуқуқи оилавии ватанӣ ва қонунгузории оилавӣ мусоидат менамояд.

Китоби Нураҳмад Ахмедов “Муносибатҳои ҳуқуқи оила”-ро хонандагон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Фарҳоди Салим, мутахассиси пешбари шуъбаи мукаммалгардонии фонд.