Китоби нав. «Ҳофиз»

Достони тозаи Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадисаи Қурбон «Ҳофиз» дар бораи зисту зиндагонии даврони пуошўби яке аз бузургтарин шоири лирик, сарояндаи зебоиҳои ҳаёт ва ишқу муҳаббати поки инсонӣ, Ҳофиз баҳс мекунад. Эчодиёти Ҳофизи Шерозӣ муҷассамаи зиндаи безаволе аст, ки чун офтоби тобон ҳамеша нуи хираду меҳр мепошад. Бо девони Ҳофиз, яъне бо ў нишаста суҳбат намудан ва аз лаҳни шакаринаш дурдонаҳо чидан, ин лаҳзаи беҳтарини ҳаёти инсон аст, ки кас намехоҳад даме аз ў дил канад. Чунки ў шахсро ба дуни сеҳру ҷоду, ақлу хирад ва зебоихои беназири дунё раҳнамоӣ менамояд ва аз гуфтугўяш шахс сер намешавад. Бо Ҳофиз суҳбат намудан, ин бахту тахту давлати беҳамтост.

          Достони нав Ҳадисаи Қурбон, «Ҳофиз» дар сабку услуб ва дарунмояи таърихиву фарҳангӣ, давоми мантиқии достонҳои оид ба классикони тоҷику форс навишта ў: “Меҳвари ишқ» (Мавлавӣ), «Ҳилолӣ», «Хатлон», «Хаймаи Хайём» ва «Шоҳин»-и  ў мебошад.

Дар пешгуфтор муаллиф менависад: Шоирони соҳибдевон дар паҳнаи адабиёти пешини мо пуршуморанд. Шоироне, ки рўзеву рўзгоре сурудаашон ба маҳфилҳо, ҷалолу шукўҳу гармӣ бахшида ва каломашон сари забонҳо будааст. Бо гузашти қарнҳо аз он ҷамъияти бузург асомии теъдоди маъдуде мисли ҳамеша зиндаву маъракагир, пуровоза боқӣ монда. Ба номи дигарон дар сарчашмаву тазкираҳо, ҷунгҳо метавон дидор кард. Аз миёни ҷовидонмондагон танҳо Ҳофизи Шерозӣ беш аз ҳар каси дигаре дар ҳилоли замон мавриди алоқаву таваҷҷуҳи муосирону пасиниён қарор гирифтааст. Шумори таълифоте, ки дар перомуни зиндагӣ, масири эҷод сеҳри сухан, вижагиҳои ҳунарӣ, андешаи шоир ва дигар мавзўъҳои марбут ба он иншо шуда, ба андозаест, ки дар ҷамъоварӣ гардад, китобхонаи азимеро фароҳам хоҳад намуд. Шигифт ин аст, ки имрўз низ аз ҳадду ҳаҷми он истиқболу дилбастагӣ заррае кам нашудааст. Баръакс, теъдоди мухотабони Ҳофиз, ки намояндаи тамоми қишрҳои иҷтимоӣ, касбу кори гуногун ҳастанд, рў ба фузунист.

Девони Ҳофиз мисли бешаи ҳамешасабзест, ки ҳар кас дар қаламрави он гўшае, тамошогаҳе барои хеш пайдо мекунад. Ҳар сол дар атрофу акнофи дунё дар марокизи илмӣ, донишгоҳҳо, муассисоти илмӣ, перомуни осори ҷовидонии Ҳофиз пажўҳишҳои арзишманд анҷом мешавад, муҳаққиқони ҷавон рисолаҳо менависанд. Дар нашрияҳои муътабар мақолоти таҳқиқӣ, тозатарин бозёфтҳои ҳофизшиносии ҷавон ба нашр мерасад.

Китоб-достони Шоираи халқии Тоҷикистон Ҳадиса “Ҳофиз”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед. Ин китоб  соли 2020 дар нашриёти “Эр-граф” ба теъдоди 500 нусха нашр шудааст.

Шарофат Мирзоева.