Китоби нав. «Педагогикаи умумӣ»

Педагогикаи умумӣМаҷмуаи таълимӣ бо қарори суратҷаласаи Шӯрои олимони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам _ Абуҳанифа аз 31.05.2024 таҳти №10 барои донишҷӯёни муассисаи мазкур ва барои ҳамаи ихтисосҳо ба чоп тавсия шудааст.

Аз роҳҳои асосии бозсозии мактабҳои олӣ ва «Консепсияи мактабҳои миллӣ» бармеояд, ки донишҷӯёни донишгоҳҳо ва донишкадаҳои равияҳои омӯзгорӣ усулҳои нави таълимро пурра омӯзанд ва баъди хатм ҳамчун педагоги асил аз уҳдаи омӯзиши тахассуси гирифтаашон баромада тавонанд. Аз ин лиҳоз дар шароити ҷамъияти ҳуқуқбунёду демократӣ дар назди мактабҳои олӣ вазифа гузошта шудааст, ки барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ устодони сатҳи маърифаташон баланд, дорои қобилияти эҷодкорӣ, донишҳои илмии аниқ, ғояҳои инсондӯстӣ, ватанпарастӣ ва меҳнатдӯстӣ дошта, тарбия намоянд.

Маҷмуаи таълимии фанни педагогикаи умумӣ дар асоси талаботҳои муосири низоми кредитӣ тартиб дода шудааст, ки он дар системаи тайёрии муаллимон, машғулиятҳои лексионӣ-назариявӣ, корҳои мустақилонаи донишҷӯён дар зери роҳбарии устод ва корҳои мустақилонаи донишҷӯён мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Мазмуни маҷмуаи таълимӣ дар асоси масъалаҳои асосии омӯзиши фанни педагогика дар донишгоҳу донишкадаҳои равияи омузгорӣ навишта шудааст. Маҷмуаи таълимии мазкур аз ҷиҳати назариявӣ – кушода додани асосҳои илми педагогика, назарияи маълумот, таълим, шаклҳои ташкилии таълим, назарияи тарбия ва қисман масъалаҳои мактабшиносиро дарбар мегирад.

Маҷмӯаи таълимии мазкур асосан барои тайёр кардани муаллимони ояндаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ пешбинӣ карда шудааст. Он барои донишҷӯён дар омӯзиш ва супоридани санҷишу имтиҳонҳо низ кӯмак расонида метавонад. Воқеияти замони муосир онро талаб мекунад, ки омӯзгорони фанни педагогика бо роҳу усулҳои нави гузаронидани машғулиятҳои назариявию амалӣ, истифодаи нави воситаҳои технологияи муосир  шинос шаванд ва онро дар таҷрибаи кориашон истифода бурда тавонанд.

Хоҳишмандони  китоби «Педагогикаи умумӣ» метавонанд ин китобро  аз Китобхонаи миллӣ дастрас намоянд.

Фарзона Шарифова,
Мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.