Китоби нав. Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Аҳмад: «Нақши зиндагӣ»
Китоби мазкур соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе чоп шудааст ва ашъори Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Аҳмадро гирд овардааст. Муаллиф 80 сол дошта, умри худро сарфи кори омӯзгорӣ кардааст ва шеърҳояш ҳам аз таҷрибаи рӯзгораш нақл мекунанд.
Шоир Ворис дар муқаддимаи китоб навиштааст: Одамони хайрандеш ҳамеша мехоҳанд аз худ осари неке боқӣ гузоранд, дар хидмати халқу Ватан бошанд. Ҳоҷӣ Неъматшоҳ аз зумари ҳамин гуна одамон аст. Ӯ соли 1944 дар замони душвории Ҷанги Бузурги Ватани дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Зиндагии ин марди наҷиб ҷолиб аст.
Ҳакима зани ҳунарманд буд, ки вақте таронаеро мехонд, дилҳоро ба ларза меовард. Додараш Ҳусайн низ дар Дарвоз сарояндаи машҳур буд. Рӯзҳои шодию сури мардум бо иштироки ӯ мегузашт. Хусайн ҳар гоҳе ба дидорбинии Ҳакима меомад, аз вай хоҳиш мекард, ки дуторро ба даст бигираду бинавозад. Хамин тавр, садои ҷонбахши дутор дар фазои деҳаи Умарак пахш мешуд. Сокинони деҳа бо баланд гаштани садои дутор ором мегирифтанд ва гӯш ба садои рӯҳнавозаш медоданд.
Шавҳари Ҳакима Аҳмадшоҳ марди якрӯю инсондӯсте буд. Вай дар маракаҳои деҳа пазандагӣ мекард, ба шодию ғами мардум шарик буд. Пешаи сартарошӣ ҳам дошт. Ҳамеша ба кори дигарон ёрӣ мерасонд ва аз ин кирдори хеш шод мегашт, боғи дилаш мешукуфт.
Хонаи Аҳмадшоҳ дар сари роҳ буд. Ӯ нонашро бе меҳмон намехӯрд. Хамсараш Ҳакима нон мепухту хӯрок омода мекард ва ҳар чӣ дар бисот дошт, рӯи дастархон мебаровард. Ин зани инсондӯсту заҳматкашро дар деҳаи Умарак дӯст медоштанду ҳурмат мекарданд.
Хонаҳои мардуми Умарак сангӣ буд. Равзанае аз болои бом дошт. Девори хона тоқчаҳое дошт, ки чизу чораашонро аз қабили косаю табақ, дегу офтобаҳоро ба он ҷо мегузоштанд. Хона дегу ташноб дошт. Агар барфу борон меборид аз равзанаи болои хона ба даруни ташноб мерехт. Сутуни рӯбарӯи дари хонаро саломгаҳ мегуфтанд. Сияҳчароғро дар сутуни саломгаҳ меовехтанд, ки ҳам ба хона ва ҳам ба даромадгоҳи он равшанӣ диҳад…
Хонандагони азиз идомаи сарсухан ва худи китоби “Нақши зиндагӣ”- ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мурур кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд