Китоби нав. «Осиёшиносӣ»

ОсиёшиносӣДар китоби мазкур масъалаҳои геоиқтисодӣ ва рушди кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ дар замони муосир бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ ва ба инобат гирифтани ҳадафҳои стратегӣ ва геополитикии давлатҳои калидии минтақа, қудратҳои таъсирбахши минтақавӣ, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ дар замони муосир ва таъсири он ба манфиатҳои миллӣ, вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.

Китоби мазкур дар асоси омӯзиши сарчашмаҳои муҳими илмӣ, ҳуҷҷатҳои расмӣ, маводҳои мӯътамад дар шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ таҳия шудааст ва барои доираи васеъи хонандагон мешбинӣ гардидаст.

Дурнамои минтақаи Осиё комилан устувор аст. Маркази тағйироти ҷаҳонӣ ба Осиё ҳаракат мекунад. Коршиносон бар ин назаранд, ки Осиё дар даҳсолаҳои наздик дар иқтисоди ҷаҳонӣ нақши пешбар хоҳад гузошт. Онҳо хулосаҳои худро бар асоси панҷ далел: нақши афзояндаи минтақа дар геополитика, сатҳи рушди технологияҳои рақамӣ, дурнамои демографӣ, дастрасӣ ба захираҳои энергетикӣ ва сармояи бозории корхонаҳо асоснок мекунанд. Ба эътиқоди таҳлилгарон, мавқеи кишварҳои пешрафтаи Осиё дар бисёре аз ин далелҳо ба онҳо имкон медиҳад, ки ба низоми ҷаҳон таъсир расонанд.

Мамлакатҳои Осиё аз нигоҳи иқтисодӣ бо ҳам алоқаманданд. Қариб 60 фоизи ҳаҷми савдоро тиҷорати дохилиминтақавӣ ташкил медиҳад. Тиҷорати дохилиминтақавӣ дар Осиё байни солҳои 2016 ва 2021 бо суръати миёнаи солона 10% афзоиш ёфтааст. Ин ду баробар зиёд аз ҳаҷми муомилоти мол дар долонҳои байниминтақавӣ мебошад. Дараҷаи ҳамгироии тиҷоратӣ дар Осиё рӯ ба инкишоф аст. Тараққиёти Осиё маҳз ба ҳамкории тиҷоратӣ асос ёфтааст.

Кишварҳои минтақа майдони тақрибан 45 миллион километри мураббаъро ишғол мекунанд, ки тақрибан 5 маротиба зиёдтар аз масоҳати Аврупо аст. Онҳо бо гуногунии фарҳангӣ ва забонӣ фарқ мекунанд. Дар байни мамлакатҳои Осиё тафовутҳои зиёди иқтисодӣ ва сиёсӣ мавҷуданд. Масалан, ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Сингапур аз Непал 60 баробар зиёд аст. Дар ин минтақа низомҳои гуногуни сиёсӣ вуҷуд доранд. Бо вуҷуди ин, коршиносон мутмаинанд, ки кишварҳои Осиёро метавон якҷоя баррасӣ кард, зеро онҳо бо манфиатҳои тарафайн алоқаманданд.

Китоби «Осиёшиносӣ» зери таҳрири умумии Р.Ҳайдарзода соли 2025 дар шаҳри Душанбе аз чоп баромада, аз 250 саҳифа  иборат мебошад.

Хонандагон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи,
мукаммалгардонии фонд.