Китоби нав. Президент ва илм
Ин китоб ба ҷашнҳои таърихии 30 солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70- умин солгарди таъсиси Академияи милии илмҳои Тоҷикистон эҳдо шудааст. Мураттиб ва муаллифон кӯшиш карданд, ки хизматҳои бесобиқаю мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти илми ватанӣ дар даврони се даҳсолаи охир ба таври равшану возеҳ ва бо қалами ҳақиқатнигорӣ барои хонандагон пешкаш намоянд.
Фарҳод Раҳимӣ – Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар сарсухани худ ба китоб аз ҷумла менависад, ки солҳои аввали истиқлоли давлатӣ, ки ба сари халқу давлати Тоҷикистон душвориҳои зиёде омаданд, ба илму маорифи кишвар, аз ҷумла ба фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ бетаъсир намонд. Ҳатто хатари аз байн рафтани Академияи милии илмҳо вуҷуд дошт. Теъдоде аз олимону мутахассисон ба сабаби мушкилоти молиявӣ ҷойҳои кори худро тарк намуданд. Вале мавқеи устувор, ватандӯстона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста ба лаҳзаҳои душвори ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар хатари аз байн рафтани Академияи миллии илмҳоро дур андохт. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон на танҳо боқӣ монд, балки тавассути сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба иҷрои самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ равона гардонд.
Академик Фарҳод Раҳимӣ дар идома менаивсад: Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи илм ба ҳифзу тараққӣ додани маркази асосии илми тоҷик – Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон равона гардида, илм дар баробари маориф аз самтҳои афзиятноки миллӣ ва стратегии мамлакат дониста шуд.
Ба андешаи Фарҳод Раҳимӣ имрӯз Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи асосии илмии ҷумҳурӣ рушди таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалиро дар самтҳои афзалиятноки илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ таъмин менамояд, масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии мамлакатро таҳтил мекунад, дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳониро омӯхта, ба истифодаи онҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд ва корҳои илмӣ-таҳқиқотии академӣ, соҳавӣ ва донишгоҳиро ҳамоҳанг месозад.
Айни замон дар Академияи милии илмҳо зиёда аз 2100 нафар фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1170 нафар корманди илмӣ мебошанд, аз ҷумла 43 нафар аъзои пайваста, академики Академияи миллии илмҳо, 66 нафар аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо, 180 нафар, докторони илм, 400 нафар номзадҳои илм ва 1500 нафар кормандони илмии сатҳҳои гуногун мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 716 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо 130 нафарашон дорои унвон ва дараҷаи илмӣ мебошанд.
Академик Раҳимӣ дар идома иброз доштааст, ки яке аз вазифаҳои муҳим ва асосии Академияи милли илмҳо ин ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо ин мақсад соли 1996 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва низомномаи ин шӯро тасдиқ карда шудааст.
Вазифаи асосии ин Шӯро дар асоси пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор, академияҳои соҳавӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ таҳияву ташхиси лоиҳаи илмию таҳқиқотӣ аз рӯи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод намудани ин лоиҳаҳо барои маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ мебошад. Оид ба рафти иҷрои ин лоиҳаҳо ва истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг, Академияи миллии илмҳо ҳамасола ба Ҳукумати Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд.
Шурӯъ аз соли 2000 ҳамасола дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии ҷумҳурӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои он ба ҳисоби миёна 300 лоиҳаи илмию таҳқиқотӣ аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Феълан дар ҷумҳурӣ аз рӯи 325 лоиҳа дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ амалӣ карда мешавад, ки аз онҳо ба Академияи миллии илмҳо 112 лоиҳа ё 35дарсад, Академияи илмҳои кишоварзӣ 60 лоиҳа ва ё 18 дарсад, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ -102 лоиҳа ё 31 дарсад ва дар пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ – 52 лоиҳа ва ё 16 дарсад рост меояд.
Аз теъдоди умумии лоиҳаҳо 117 лоиҳа ба таҳқиқоти бунёдӣ, 52 лоиҳа ба тадқиқоти бунёдию амалӣ ва 156 лоиҳа ба таҳқиқоти амалӣ равона шудаанд. Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон айнӣ замон ба пешбури 57 лоиҳаи илмӣ – таҳқиқотии бунёдӣ, 18 лоиҳаи таҳқиқотии бунёдию амалӣ ва 21 лоиҳаи илмӣ- таҳқиқотии амалӣ амалӣ машғул мебошанд.
Таҳияи
Меҳрангез Муҳаббатова.