Китоби нав. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ: “Назарияи адабиёт”
Нашри дуюми китоби донишманди фарзона, профессор Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ “Назарияи адабиёт” инак, баъди реҳлаташон аз олам бо талошу заҳматҳои фарзандон ва шогирдонашон рӯи чоп омад. “Назарияи адабиёт” ин бор бо тағйиру иловаҳои зиёди муаллиф омода шуда ва бидуни шак барои донишҷўёни риштаҳои филологӣ, муҳақиқон суханпажуҳои дастури муҳим ба шумор меравад.
Китоб фарогири намунаҳои шеърии адабиёти муосири Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон буда, бо шаффофияти адабӣ ва таҳлилҳои васеи суханшиносӣ метавонад ҳамчун дастури омўзиши шеъру сухан барои ҳавзаи забони тоҷикӣ- форсӣ хидмат кунад.
Устоди шодравон Раҳим Мусулмониён сарсухане бо номи “Дебоча” навишта ва санаи таҳриру такмили онро Душанӣе 1988-Теҳрон, 2008 навиштаанд, ки онро комил ин ҷо меорем.
ДЕБОЧА
Дар донишкадаҳои филологии мактабҳои олӣ, дар қатори забоншиносон, мардумшиносон ва рўзноманигорон, адабиётшиносонро низ ба камол мерасонанд. Бо нияти тарбияи дурусту ҳаматарафаи мутахассисони адабиёти бадеӣ, фанҳои «Мадхали адабиётшиносӣ», «Шеършиносӣ», «Таърихи нақди адабӣ» таълим дода мешавад, ки бо назариёти адабӣ вобастаанд. Азбаски назарияи адабиёт дар системаи илмҳои филологӣ мақоми намоёнеро ишғол менамояд ва бинобар он ки дониши мустаҳками назарӣ нишони камолоти суханшинос ҳисоб меёбад, ин илм дар синфҳои боло омўхта мешавад.
Дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ин илмро тақрибан сӣ сол, яке аз адабиётшиносони фаъоли ҷумҳурӣ, узви вобастаи Академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳиб Табаров сабақ додааст. Ҳудуди бист сол инҷониб ин кор ба уҳдаи муаллифи ин сатрҳо буд. Эҳтиёҷоти шогирдон тақозо намуд, ки Барномаи тадриси илми назарияи адабиёт таҳия шавад (онро соли 1985 Донишгоҳ ба табъ расонид). Инак, дар асоси он Барнома ин китоби дарсӣ сохта шуд.
Дар таълифи ин китоб рисолаҳои адабиётшиносии тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ, Соҳиб Табаров, Холиқ Мирзозода, Субҳон Давронов, Валӣ Самад, Ҳамроқул Шодиқулов, Садрӣ Саъдиев, Юсуф Акбаров, Атахон Сайфуллоев ва дигарон, ки зери унвони умумии «Китобхонаи назарияи адабиёт» (Ирфон, 1974-76) ба табъ расида буданд, китобҳои дарсии профессорон Генадий Поспелов ва Леонид Тимофеев, ҳамчунин асарҳои таҳқиқотии донишмандони дигар истифода шудаанд.
Нуктаи дигар ин аст, ки «Назарияи адабиёт» дар Эрон тадрис намешавад, ҷои онро «Нақди адабӣ» гирифтааст, агарчи ин илм умумӣ нест, хусусӣ аст.
Дар таҳия ва таҳрири ин китоб, донишмандону адибон ва ҳамкорони иззатманд – дорандаи Ҷоизаи ба номи Рўдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Лоиқ Шералӣ, доктори илмҳои филологӣ Абдунабӣ Сатторзода, шодравон Ардашер Каримов, профессорон Асадулло Саъдуллоев, Абулҳай Маҳмадаминов ва Рустами Ваҳҳобниё кўмак расонданд, ки мусанниф барояшон миннатдории самимона изҳор медорад.
Аз хонандагони муҳтарам дархост мешавад, ки андешаҳои худро ҷиҳати беҳбудии минбаъдаи ин китоб ба нигоранда бифиристанд ва ё тавасути матбуот маълум кунанд.
Маълум аст, ки дар ганҷинаи халқамон гуфтаҳои пурбаҳои назарии адабӣ фаровонанду парешон. Мутаассифона, ин дурдонаҳо алҳол як ҷо фароҳам оварда, мураттабу мавзун карда нашудаанд. Табиист, қисме аз онҳо дар ин китоб бори аввал истифода шудаанд, боястӣ, ки бештар истифода шаванд. Дур нест, ки чизе носавоб омада, ё нопурра тафсир дода ё дурре дур монда бошад. Ба ин маънӣ низ нигоранда ниёзманди кўмаки устодону шогирдони азиз аст.
Душанбе, 1988 –Теҳрон, 2008
Китоби “Назарияи адабиёт”-и устод Раҳим Мусулмониёни Қубодиёниро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Таҳияи Фирӯза Раҳимова,
муовини сардори шуъбаи
маълумотдиҳӣ- библиографӣ