Китоби нав. С.Э. Отаҷонов: “Практикуми лабораторӣ аз  механика”

Практикуми лабораторӣ аз  механикаКитоби мазкур чун дастури таълимӣ-методӣ соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд чоп шудааст.  Он дастурамали   машғулиятҳои  лабораторӣ  аз  механика буда, 10 кори  лабораториро  аз механика  дар  бар мегирад.  Ин дастур барои донишҷўён дар асоси Барномаи таҳсилоти олии   Ҷумҳурии  Тоҷикистон, инчунин, тибқи  Барномаи таълимии кории фанни механика барои ихтисосҳои физика, физика–математика, физикаинформатика  таҳия гардидааст.

Дар  ҳар  як  кори  лабораторӣ  маълумоти мухтасари   назариявӣ,  тавсифи  таҷҳизоти  таҷрибавӣ,  методикаи   гузаронидани  таҷриба    ва  коркарди  натиҷаи  онҳо  оварда  шудааст. Инчунин, саволҳои  санҷишӣ барои  роҳ  додан  ба  машғулиятҳо ва ҳимояи  натиҷаи  корҳои  лабо раторӣ  пешниҳод  гардидаанд.

Дар сарсухан омадааст, ки дуруст чен кардани бузургиҳои   физикӣ ҳангоми мушоҳида ва таҷрибаҳо қисми асосии ҳар як  тадқиқоти  илмиро  дар  физика ташкил медиҳад, зеро онҳо асоси муайян намудани хусусиятҳои гуногуни физикӣ  ва муқаррар кардани мутобиқати миқдории байни онҳоро дар бар мегирад. Мақсади  гузаронидани корҳои  лабораторӣ, мукаммал гардонидани донишҳои гирифтаи  донишҷўён  ва баланд  бардоштани  дараҷаи  фаҳмидани  курси физика мебошад. Бинобар ин, ташаккул додани маҷмуаи лабораторияи таълимӣ хеле вазифаи  таъхирнопазир  аст.

Практикуми лабораторӣ аз механика имконият медихад, ки кариб  тамоми ҳодиса ва равандҳои  дар  курси  механик азхудшаванда  мушоҳида  карда  шаванд.

Хоҳишмандон китоби “Практикуми лабораторӣ аз механика”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Шоҳина Саидаҳмадова,
мутахассиси пешбари
шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ,
техникӣ  ва  илмҳои  дақиқ.