Китоби нав. Садриддин Айнӣ. КУЛЛИЁТ
Дар ин ҷилди “Куллиёт”-и тозанашр ашъори пешазинқилобӣ ва баъдазинқилобии асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ фароҳам омадааст. Он дар заминаи ҷилди 8- и Куллиёти устод (таҳиягарон Салоҳат Айнӣ, Холида Айнӣ ва Камол Айнӣ, Душанбе: «Ирфон»,1981с.) бо ҳам омада, баъзе шеърҳо тасҳеҳ ва таҳрири ҷилдӣ шудаанд. Ҳамчунин хеле шеъру манзумаҳои тоза низ ба маҷмўъаи ҳозир ворид гардид. Ашъори пешазинқилобии устод аз рўи пайдарҳамии навъҳои адабии гузашта (ғазал, қасида, тазмин, мухаммас, қитъаву рубоӣ ва ғ) ва қофиябандии онҳо, намунаҳои шеъри замони шўравӣ ба тартиби соли эҷод ҷой дода шудаанд. Китоб барои ҳаводорони шеъри устод, муҳаққиқони эҷодиёти ў, унвонҷўён ва аҳли илму адаб судманд хоҳад буд.
Мураттибон дар пешгуфтор овардаанд: Ҷилди дувуми «Куллиёт»- и нави Садриддин Айнӣ ашъори дар тўли умр таълифкардаи ў фаро мегирад. Маълум аст, ки устод ба майдони адабиёт бо эҷоди шеър ворид шуда, дар арзи зиндагии хеш ҳеч гоҳ аз навиштани он даст накашидааст.
Устод дар оғози шоирӣ бо тахаллусҳои «Сифлӣ», “Муҳтоҷӣ» ва «Ҷунунӣ» шеър менавишт, баъдан, чунон ки худ зикр мекунад, ба сабаби шогирдона будани ин ашъор аз баҳри онҳо гузашта, аз тахаллусҳояш низ даст кашидааст . Баъди ошноӣ бо шоири шинохтаи давр Ҳайрат бо таъсиру тарбияи ў аз асрори арўз ва ҳунари шоирӣ вуқуфи бештар ёфт ва ба таълифи ашъори ҳирфаӣ пардохт. Намунаи аввали он шеъри «Гули сурх» буда, соли 1985 навишта шудааст. Аз ҳамин замон ба баъд «Айнӣ» тахаллуси адабии ў гардид.
Ҳарчанд шеърҳои пешазинқилобии Айнӣ дар шакли китоби ҷудогона ба чоп нарасидаанд, дар такзираҳо намунаҳое аз онҳо дарҷ шуда, ба китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» низ ворид гардидаанд. Устод ният дошт, ки ин шеърҳоро, ки дар се дафтар гирд оварда буд, ба чоп расонад. Аммо умр вафо накард ва ин ният ҷомаи амал напўшид. Танҳо соли 1981 мураттибони ҷилди ҳаштуми «Куллиёт» фарзандонашон Салоҳат Айнӣ, Холида Айнӣ ва Камол Айнӣ бар асоси ин дафтарҳо осори манзуми устодро таҳия ва чоп карданд. Ҷои таассуф аст, ки ин се дафтар аз бойгонии устод ба даст наёмад.
Ашъори давраи шўравии устод Айнӣ дар маҷмўаҳои «Ахтари инқилоб» (1923), « Намунаи адабиёти тоҷик» (1926), «Ёдгорӣ» (1935) ва ҷилди 8 -и «Куллиёт» (Душанбе,1981)-и ў чоп шудааст. Нашри охири маҷмўаи ашъори Айнӣ аз ҷониби «Бунёди адабии Айнӣ» (Душанбе : 2018) ба сомон расид.
Маҷмўаи ҳозир, ки ҷилди 2-и «Куллиёт»- и тозанашри устодро ташкил медиҳад, дар заминаи китобу маҷмўаҳои зикршуда ва дастхатҳои устод Айнӣ, ки дар бойгонии эшон маҳфуз аст ва шеърҳое, ки дар саҳифаҳои матбуоти давр ба табъ расидаанд, таҳия гардид. Ҳангоми муқоиса бо дастнависҳои муаллиф ашъори устод тасҳеҳ шуда, шеърҳо ва байту бандҳои ҳазфшуда барқарор ва бештар аз 30 шеъри тоза аз бойгонии эшон дарёфт ва ба Куллиёт ворид карда шуд. Ашъори тоза пайдошуда бо аломати ситорача ва ҷамъ(*+) ишора шудаанд. Аломати (*) шарҳи луғат ва номи афроду макони шеъри мавриди назарро ифода мекунад. Шеърҳое, ки хусусияти шахсӣ доранд, барои чопи интиқодии баъдӣ вогузошта шуд. Ашъоре, ки дар осори мансури устод омадааст, ба сабаби ба қалами эшон тааллуқ надоштани баъзе аз онҳо ва барои иҷтиноб аз такрор ба маҷмўаи ҳозир дохил карда нашуд.
Тавзеҳоти ҷилди ҳаштуми Куллиёти нахустин, ки аз ҷониби Холида Айнӣ анҷом пазируфта, иттилооти дақиқу батафсилро дар бораи шеъру шоирии устод, фаро гирифтааст, бо баъзе ихтисор асосан нигоҳ доштем ва шарҳу тавзеҳи тозаи худро бо ишораи М. (муҳаррир ва мураттибон) ба он афзудаем.
Мураттибони Куллиёт Абдухолиқи Набавӣ, Мубашшир Акбарзод, Хуршед Эҳсон буда, дар нашриёти “Дониш” ба нашр расидааст.
Ҷилди дуввуми “Куллиёт”-и устод Айнӣ вориди Китобхонаи миллӣ шудааст ва хонандагон метавонанд аз ҳама толорҳои хониш онро фармоиш диҳанд ва мутолиа намоянд.
Таҳияи Шарофат Мирзоева