Китоби нав. Садриддин Ҳасанзод: “Дар масири бе ту будан”
«Дар масири бе ту будан» маҷмўаи навбатии шоири боистеъдод Садриддин Ҳасанзод аст, ки аксар шеърҳои дар ду – се соли охир эҷоднамудаи ўро фаро гирифтааст. Дар ин маҷмўа мавзўҳои гуногун аз қабили Модар Ватан ва ишқи пок ба ҳам омадаанд.
ИН ДУБАЙТИҲО АЗ ҲАМИН КИТОБАНД:
Ту аз роҳи ҳидоят барнагаштӣ,
Ту аз ҷабру ҷофоят барнагаштӣ.
Қасам бар номи Ҳақ хурдиву аммо,
Ба ҳаққи он Худоят бар нагаштӣ.
**** **** ****
Ту аз ман дил рабудӣ, дил надодӣ,
Маро дар кунҷи дил манзил надодӣ.
Ҳазорон ваъдаам додиву аммо,
Маро як бўса, эй хушгил, надодӣ.
**** **** ****
Ба дарди ту даво бахшад гули ман,
Ба захми ту шифо бахшад гули ман.
Туро ҳаргиз набахшидам, валекин,
Дуо кардам, Худо бахшад гули ман.
**** **** ****
Ғами дунё насибат шуд, дили ман,
Худо ёру ҳабибат шуд, дили ман.
Чӣ менолӣ ту аз танҳоии худ?
Аҷал охир қарибат шуд дили ман.
**** **** ****
Зи гардунам чу як ахтар гузаштӣ,
Зи оғӯшам, ту эй дилбар гузаштӣ.
Туро модар барои ман бизода,
Чаро аз ҳурмати модар гузашти?
**** **** ****
Зи ман ошиқтаре пайдо накардӣ,
Зи ман лоиқтаре пайдо накардӣ.
Шуди танҳо миёни роҳи тақдир,
Зи ман содиқтаре пайдо накардӣ.
**** **** ****
Ту захми тири қисмат дорӣ, эй дил,
Ба по занҷири қисмат дорӣ, эй дил.
Фиғону нолаву фарёди бисёр,
Зи дасти пири қисмат дорӣ, эй дил.
**** **** ****
Ту аз дасти бутон мемирӣ,эй дил,
Ба сад оҳу фиғон мемирӣ, эй дил.
Дари пирӣ намекўбӣ, дареғо,
Ҷавон монда, ҷавон мемирӣ эй дил.
**** **** ****
Раҳи дури маро дидӣ ту ё не?
Шару шўри маро дидӣ ту ё не?
Зи баъди солҳо мепурсам аз ту:
Сари гӯри маро дидӣ, ту ё не?
**** **** ****
Ду-се байти маро мехонӣ ё не?
Ғаму дарди маро медонӣ ё не?
Агар дар зиндагӣ ёдам накардӣ,
Ба гўри ман қадам мемонӣ ё не?
Хоҳишмандон китоби Садриддин Ҳасанзод “Дар масири бе ту будан”- ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Таҳияи Рисолат Шерализода,
мутахасиси пешбари шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.