Китоби нав. Саидмурод Расулӣ. «Юнона” (Ҳикояҳо)
Дар ин маҷмўъа қиссаву ҳикояҳои аз забони русӣ тарҷумакардаи Саидмурод Расулӣ ба нашр расидаанд, ки муносиби синну сол ва шавқу завқи ҷавонону наврасони мактабхонанд. Китоб соли ҷорӣ ба теъдоди 150 нусха дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Дар муаррифии муаллиф мехонем:
САИДМУРОД РАСУЛӢ – нависанда, тарҷумон, рўзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (с.2017), узви Иттифоқи рўзноманигорони Тоҷикистон (с.2008), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2009), дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Ҳабибулло Назаров (с.2017) буда, 20 майи соли 1956 дар деҳаи Шўроби ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Соли 1972 мактаби зодгоҳашро хатм намудааст. Нахустин навиштаҳояш дар ҳамон айём дар васоити ахбори умум ба нашр расидааст.
Бо вуҷуди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро (с.1979) хатм намуданаш аз замони мактабхонӣ ба олами пурганҷи адабиёти форсу тоҷик меҳру муҳаббати беандоза дошт.
Баъд аз фаъолият дар хоҷагиҳои кишоварзии «Анҷумани ХХ11 Ҳизби Коммунист”», «Ватан», корхонаи тиҷоратии «Инвест-Сервис», аз моҳи сентябри соли 2018 котиби масъули бахши Иттифоқи нависандагон дар шаҳри Ҳисор мебошад.
Нахустҳикояаш «Баъд аз 42 сол» дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва Санъат» соли 2001 ба нашр расидааст. Баъдан зиёда аз 50 қиссаву ҳикоя ва очеркҳояш дар матбуоти даврӣ ба нашр расидаанд.
Аз осори барандагони ҷоизаи Нобел Александр Солженитсин (Русия), Светлана Алексеевин (Беларус),Майн Рид, Ҷек Лондон, А.Куприн ва дигарон қиссаву ҳикояҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Китоби “Юнона”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Шарофат Мирзоева,
Сармутахассиси шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ.