Китоби нав. «Шуғли шавқангез»

Шуғли шавқангезКитоби Бойматов К.Ҳ. Шарифзода А., Раҳимзода А.О., Каримов О.Х. Шуғли шавқангез” соли ҷорӣ бо Шурои миллии таҳсилоти Вазорати мароиф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чоп шудааст.

Муаллифон дар муаррифии китоби худ навиштаанд, ки солҳои охир дар саросари олам ба омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад, зеро рӯй овардан ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои рушди устувори иқтисоди ҳар мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.

Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019 солҳои 2020-2040-ро “20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” эълон намуданд.

Пешниҳоди мазкур марҳала ба марҳала ба пешрафт ва вусати фаъолияти мактабу маориф ва илм мусоидат мекунад.

Китоби мазкур кӯшишест, баҳри дар ботини хонандаи мактаб бедор кардани шавқи омӯзиш, махсусан китобҳои дарсӣ ва абёти математикӣ.

Дар ин китоб доир ба математикаи шавқовар беш аз 300 масъала, муаммо ва супришҳои мухталиф ворид гардидаанд.

Ҳалли аксари онҳо, гарчанде аз хонанда донишҳои ибтидоии математикиро талаб кунанд ҳам, асосан зиракӣ, зудфаҳмӣ, инчунин, муҳокимарониҳои аниқи мантиқиро тақозо менамояд.

Аз ин китоб хонандагони сину сол ва касбу кори гуногун барои худ масъала ё муаммо пайдо карда метавонанд.

Китобро барои доираи васеи хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва касбӣ, дӯстдорон ва ихлосмандони фанни математика тавсия додан мумкин аст.

Ҳамчуноне дар пешгуфтор омадааст, нақши математика ва донишҳои математикӣ рӯз аз рӯз густариш меёбанд. Ҳоло ягон соҳаи фаъолияти инсонро бе аҳамияти математикаву татбиқи амалии он тасаввур кардан мушкил аст. Тарзҳо ва усулҳои математикӣ чун олоти универсалӣ дар соҳаҳои гуногуни илмҳои табиӣ, техникӣ, аксари илмҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Аз ин рӯ, дар оянда муносибат ба илми математика, омӯзиши асосҳои он инкишоф хоҳад ёфт. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳар қадаре барвақтар ба омӯхтани математика машғул шавем, ҳамон қадар бештар нафъ меорад. Махсусан, дар айёми бачагӣ ва наврасӣ аз худ кардани асосҳои он барои инкишофи ирода, диққат, ҳотира аҳамияти калон дошта, қобилияти фикрронии майнаро пурзӯр месозад, дар шахс хислатҳои нодири субботкорӣ, баҳри иҷрои мақсади гузошташуда, матонатро тарбия карда, мустақил амал карданро меомӯзад. Омӯзиши ин фанни дақиқро бо тарзҳои гуногун ба роҳ мондан мумкин аст. Аз ҷумла, дар шакли масъалаҳову муаммоҳои шавқовар пешкаши ҳонандаи мактаб гардонидани асосҳои он аз аҳамият ҳолӣ нест. Ин тарз математикаро аз фанни мушкилу дилгиркунанда ба фанни аҷибу шавқовар табдил дода, онро оммавитар месозад. Масъалаи омавӣ сохтани ин фан бошад яке аз мушкилтаринҳо буда, ҳалли ҷиддиро талаб мекунад.

Хонадагон метавонанд китоби «Шуғли шавқангез»-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.