Китоби нав. «Симои психологии қотилони силсилавӣ”
Муаллифон-мураттибони ин китоб Латифзода Сомон Зариф ва Саидзода Баҳрулло Хол буда, ба тозагӣ чоп шудааст. Дар сарсухани китоб омадааст: Истифодаи донишҳои психологӣ дар фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷўӣ, ки яке самтҳои афзалиятнокро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил медиҳад, дар замони муосир шарт ва зарур шуморида мешавад.
Дар масъалаи истифодаи донишҳои психологӣ дар самти оперативӣ – ҷустуҷўӣ, дар баробари донишҳои психологӣ аз коршинос – психолог донишҳои оперативӣ низ талаб карда мешавад, ки барои бомуваффақият, бемамоният ва объективӣ ҳал намудани вазифаҳои хидматӣ – оперативӣ мусоидат мекунанд. Масъалаи истифодаи донишҳои махсуси психологӣ дар амалияи оперативӣ – ҷустуҷўӣ ва ҷалби коршиносон –психологон дар самти мазкур нишондиҳандаи касбияти касбияти роҳбарияти мақомоти дахлдорро инъикос менамояд.
Мутаассифона, масъалаи истифодаи донишҳои психологӣ дар самти фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷўӣ то ба имрўз ба таври мукаммал ба роҳ монда нашуда, барномаи махсус барои корбарии психолог низ то ба имрўз рўйи кор наомадааст.
Тавре аз таҷрибаҳои хориҷи кишвар маълум аст, дар ҳама гуна ҳолатҳои содиршавии ҷиноятҳои вазнин ва ё сабук, коршинос – психолог ба сифати машваратчӣ ва ё барои тартиб додани симои психологии қотили номаълум, шоҳид ҷабрдида ва ё гумонбаршуда даъват карда мешавад. Аз ин рў, дар замони муосир зарурат пеш омадааст, то таҷрибаи хориҷи кишварро таҳлил намуда, самтҳои афзалиятноки онро ба шароиту вазъи кунунии кишвар мутобиқ ва мавриди истифода қарор дода бошем.
Ҳадаф аз таълифи китоби мазкур то андозае равшанӣ андохтан ба моҳият ва зарурати истифодаи донишҳои психологӣ дар самти оперативӣ – ҷустуҷўӣ барои сари вақт кушодани ҷиноят, дастгир намудани ҷинояткорон ва ба ин васила таъмини сулҳу суббот дар ҷомеаи муосир маҳсуб меёбад.
Воситаи методии мазкур бори нахуст пешкаши мутахассисони самти оперативию тафтишотӣ, коршинос – психологон, кулли кормандони сохторҳои қудратӣ ва хонандагони нуқтасанҷ мегардад. Ва он шояд аз камбудиву норасоиҳо орӣ набошад. Дар ин замина, аз истифодабарандагони азизи худ хоҳишмандем фикру ақидаҳои худро вобаста ба мазмуну мундариҷа ва сифати маводи мазкур ба суроғаи электронии зерин ирсол намоянд ва мо онҳоро дар нашрҳои минбаъда ба инобат хоҳем гирифт (Latifzoda – 01amiI .ru).
Китоби “Симои психологии қотилони силсилавӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Мавзуна Назарова,
Сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.