Китоби нав: Сироҷиддини Эмомалӣ: «Чеҳраҳои адабию фарҳангӣ дар таҳқиқоти Сотим Улуғзода»
Ин китоб бо қарори Шӯрои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чоп шудааст ва чун як воситаи таълимӣ барои донишҷӯёни факултетҳои филологии мактабҳои олӣ пешкаш шудааст.
Дар сарсухани китоб аз ҷумла омадааст, ки мардуми тоҷик таъриху фарҳанги қадимӣ дошта, гузаштагони он дар пешрафти тамаддуни халқу миллатҳои дигар низ саҳми арзанда доранд. Таъриху фарҳанги чандинҳазорсола ва мероси адабии ин халқи куҳанбунёд шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, чеҳраҳои шинохтаеро, аз қабили Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Сино, Хайём, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Саноӣ, Аттор, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Абдулҳамид Самад, Ӯрун Кӯҳзод, Кароматулло Мирзоев, Сорбон, Низом Қосим, Алимуҳаммад Муродӣ, Фарзона ва дигаронро ба дунё овардааст, ки осори онҳо боиси ифтихори насли муосир гардидааст. Адибони фавқ дар осори манзуму мансури хеш ҳодисаю воқеаҳои муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии давраҳои гуногуни ҳаёти халқи азияткашидаи тоҷику форсро инъикос намуда, ғояҳои баланди инсондӯстӣ, меҳнатдӯстию ифтихори миллӣ ва худшиносию дудогоҳӣ, хислатҳои поку наҷиби инсониро тарғиб намудаанд.
Дар таърихи адабу фарҳанги тоҷик дар асри 20 бузургтарин адибе, ки дар инъикоси бадеии таърихи халқи тоҷик, масоили миллӣ ва арзишҳои миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ғаму дард, шодиву нишот ва бурду бохти миллати хеш саҳми басо арзанда дорад, устод Садриддин Айнӣ мебошад. Зуҳури С.Айнӣ барои таҳаввули таърихи миллат ва адабиёту фарҳанги он сирф марҳалаи тозаи таърихиро пеш овард, ки бунёди тафаккурсозҷома дошт. Қазовате аз Мавлавӣ маҳз бо манзури чунин маънавиётсозии миллист:
Ҳар касеро бозсозӣ боядо,
Гар насозӣ, худшиносӣ ноядо.
Профессор Абдулҳай Маҳмадаминов навиштааст, ки «Ҳадафи асосии Садриддин Айнӣ алорағми ақоиди зиддиахлоқиву бебунёди пантуркистон бо далоили раднопазир собит намудани заковати фитрии тоҷикон ва нишон додани хидматҳои бузурги фарзандони баруманди он дар равнақи фарҳангу тамаддуни башарист»…
Китоби Сироҷиддини Эмомалӣ «Чеҳраҳои адабию фарҳангӣ дар таҳқиқоти Сотим Улуғзода»-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.