Китоби нав. Смирнова Олга Иванова: «Очеркҳо оид ба таърихи Суғд»
Дар китоби мазкур бархе аз масоили таърихи иқтисодӣ ва сиёсии Суғд – давлати асримиёнагии ҳавзаи Амударё таҳқиқ карда шудааст. Ба иқтисодиёти Суғд (ҳаёти иқтисодӣ, бозорҳо, муомилоти пул ва ғайра) – масъалае, ки то ҳол омӯхта нашудааст, диққати махсус дода мешавад. Дар китоб дараҷаи баланди тараққиёти иқтисодию иҷтимоии Суғд дар давраи пеш аз истилои Осиёи Миёна аз ҷониби арабҳо нишон дода шудааст.
Китоб барои муҳаққиқон ва муҳассилони соҳаи суханшиносӣ пешбинӣ шудааст.
Дар пешгуфтор омадааст, ки китоби ҳозир равшангари бархе аз масоили таърихи иҷтимоӣ-иқтисодии Суғд дар аввалҳои садаҳои миёна аст. Ин кор бар пояи таҳқиқоти вожашинохтии мадорики таърихии зайл анҷом шудааст: мадорики достонӣ, мадорик бо мазомин ва маншаъҳои мухталиф, осори катибаӣ ва саранҷом сиккаҳои Осиёи Миёна ва ба таври куллӣ, сиккаҳои суғдӣ.
Қисмате аз ин таҳқиқот кори муштараки муаллиф бо Михаил Николаевич Боголюбов аст, ки дар соли 1958 бар рӯйи асноди суғдии бойгониҳои Кӯҳи Муғ ва интишори онҳо оғоз шуда буд.
Дар асар матнҳои суғдӣ бо алифбои лотинии роиҷ дар ҷаҳон ҳарфнависӣ шудаанд. Танҳо дар баъзе маврид истилоҳот (аз ҷумла, унвонҳо), асомии хос ва номҳои ҷуғрофиёӣ бо алифбои русӣ ва наздик ба талаффузи аслии онҳо навишта шудааст. Номҳову истилоҳот ва унвонҳои маҳаллӣ-чинӣ бо ҳуруфи русиву лотинӣ овонависӣ ва ба гунае ироа шуда, ки наздик фаннӣ кашидагии мусаввитҳо танҳо дар нақли қавлҳо нишон, дода шудааст, мисли ҳарфи бесадои (ъ), ки бо (у) дар бодои калима мушаххас шудааст. Истилоҳоти ҳарфнависишуда бо ҳуруфи алифбои русии мавриди истифода дар осори шарқ. шиносии кишвари мо дар даруни қавс () навишта шудаас. Номҳо ва вожаҳои пазируфташуда дар забони русӣ ба ҳамон сурати муқаррар омадаанд. Мутуни арабиву форсӣ бо хатти арабӣ навишта шудаанд.
Пас аз омода шудани кори мазкур барои чоп чанд асари таҳқиқии дигар низ ба даст расид, ки имконияти баҳрагирӣ аз онҳо муяссар нашуд, вале мавриди назар воқеъ гардид. Аз ҷумлаи ин осор «Таърихи халқи тоҷик» кори ҷомеъ дар заминаи таърихи Осиёи Миёна аст, ки тавассути Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон тадвин ёфта аст.
Хонандагаон метавонанд китоби Смирнова Олга Иванова «Очеркҳо оид ба таърихи Суғд»-ро дар Китобхоани миллӣ мутолиа намоянд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.