Китоби нав: Султонзода С.А. «Фалсафа»

ФалсафаДастури таълимии мазкур дар асоси соатҳои ба фанни фалсафа ҷудогардида дар нақшаҳои таълимии ихтисосҳои забонҳои аврупоии ДДОТ ба номи С.Айнӣ таҳия гардида, дар он ба омӯзиши мавзуъҳои фалсафаи аврупоӣ бештар таваҷҷуҳ шудааст. Аз тарафи дигар ба хотири рушди худшиносии миллии донишҷӯён, муаллиф ба фалсафаи тоҷик, аз ҷумла мутафаккирони асримиёнагӣ ва муҳаққиқони имрӯзаи ватанӣ диққати махсус дода, афкори мутафаккирони аврупоиро дар ҳолатҳои алоҳида бо андешаҳои донишмандони тоҷик қиёс намудааст. Дастур ба омӯзгорони фанни фалсафа ва донишҷӯёни зинаи таҳсилоти бакалавриати ихтисосҳои забонҳои аврупоӣ пешкаш шудааст.

Муаллиф кӯшидааст, ки низоми мавзуъбандӣ ва баррасии фишурдаи мавзуъҳоро тибқи барнома риоя намояд. Вобаста ба ҳар як марҳилаҳои таърихии рушди таълимоти фалсафӣ маълумоти мушаххаси илмӣ дода, мақоми намояндагони мактаб ва равияҳои гуногунро дар инкишофи илмҳои фалсафа муайян намояд. Истилоҳоти фанро шарҳу тавзеҳ дода, моҳияти масъалаҳоро кушояд.

Хонандагон китоби Султонзода С.А. «Фалсафа»-ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд