Китоби нав. Сумангули Мирзо: “Пайғоми дил”

Дар маҷмўаи нави шоираи шинохта Сумангули Мирзо бо номи «Пайғоми дил» панҷ маҷмўаи қаблӣ ва шеърҳои нави адиб гирдоварӣ шудаанд.

СУМАНГУЛИ МИРЗО (Бобиева Сумангул Мирзоевна) 15-уми августи соли 1962 дар деҳаи Сафедорони ноҳияи Панҷ дар оилаи омўзгор Мирзо Бобоев ба дунё омадаст. Ў соли 1979 муассисаи таҳсилоти миёнаи № 20 деҳаашро хатм намуда, соли 1980 ба Омўзишгоҳи маданӣ -равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳозира Коллеҷи фарҳангии ноҳияи Рўдакӣ) дохил шуда, онро соли 1982 бо ихтисоси китобдор хатм кардааст. Аз солҳои мактабхонӣ ва донишҷўӣ  ба шеъргўӣ шавқу рағбати зиёд дорад.

Шеърҳояш тавассути рўзномаи «Ҳаёти нав»-и ноҳияи Панҷ ва дигар рўзномаву маҷалаҳои ватанӣ дастраси хонандагон гардидаанд. Ҳамчунин намунаҳои эҷодаш дар маҷмўаҳои дастаҷамъонаи «Панҷ мехонад тарона», «Наврўз ҷаҳонӣ шуд» ва “Ганҷ дар Панҷ»-и адибони ноҳияи Панҷ ба табъ расидаанд.

Маҷмўаҳои шеъраш бо номҳои «Қалами хаёл» (соли 1999), «Ашки ёсуман» (соли 2009), «Якдаста гули алам»(соли 2011), «Нигоҳи гарм» (соли 2013) ва «Гули шодӣ» (соли 2018) ба табъ расидаанд.

ДУ НАМУНА АЗ ОСОРИ Ӯ:

ЛОЛАИ АРМОН

Ин баҳорон ҳам нахандад лолаи армони ман,

Аз азоби роҳпой хаста шуд чашмони ман.

Дар ғамаш бемор гаштӣ, эй дили девонаам,

Чун табибе кош меомад пайи дармони ман.

Чун ҳаёи духтарӣ монеъ шуд бар шаҳри дил,

Ў куҷо донад азоби ин дили нолони ман?

Шеър мегўям, агар айбам насозед одамон,

Фош мегарданд рўзе қиссаву дастони ман.

Ман надонам, ёд месозад маро он бевафо,

Ё зи ёди хеш бурда дидаи гирёни ман.

Меравад умру намонад дар сарам мўйи сиёҳ,

То ҳанўзаш ёд орад ин дили пазмони ман.

Менависам шеър бо ёди ту бар таскини дил,

Баҳри ту шоир шудам, эй ёр,Исломҷони ман.

 

АФСОНАИ ЛАЙЛӢ

Хуштар аз афсонаи Лайлӣ дигар афсона нест,

Ҳамчун Маҷнун ҳеҷ кас дар ишқи ў девона нест.

Ҳеҷ марде нест дар олам чу Юсуф покдил,

Чун Зулайхо ҳеҷ зан андар вафо мардона нест.

Макр Хусрав аз барои ишқи Ширин карда буд,

Тешаи Фарҳоду кўҳи Бесутун афсона нест.

Ҳеч зан чун ман намеҷўяд ҳақиқат дар ҷаҳон

Ҳеҷ кас монанди ту андар риё якдона нест.

Ишқ мегўйиву медонам, ки ошиқ нестӣ,

Ҳар магас гирди чароғе пар занад, парвона нест.

Хоҳишмандон китоби Сумангули Мирзо “Пайғоми дил”- ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Таҳияи Рисолат Шерализода,

мутахасиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.