Китоби нав: «Таърихи халқи тоҷик»
«Омӯхтани тарих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда барои худогоҳии миллӣ ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
Китоби тозанашри “Таърихи халқи тоҷик”, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Айнӣ нашр кардаву онро “курси мухтасари лексияҳо” номидааст, бо иқтибос аз ҳамин сухани ҳикматомези Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мешавад.
Тавре дар сарсухани китоб омадааст, таърих оинаи пок ва муқаддаси ҳар як халқу миллат буда, омӯзиши он дар ташаккули шахси бомаърифат, эъмори ҷомеаи солим ва шаҳрвандӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу башарӣ, ҳифзу нигаҳдории суннатҳои аҷдодӣ василаи муҳим маҳсуб меёбад. Омили муфид ва созанда дар раванди тарбияи ватанпарастӣ, ба камол расидани мутахассисони баландихтисоси ҷавон аз раванди дуруст ва мувофиқи матлаб ба роҳ мондани таълими таърихи халқи тоҷик вобаста аст.
Бо чунин маъно Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид менамояд, ки «Танҳо оинаи таърих, басо нозуку комил омӯхтани даврони гуногуни давлатдории аҷдодон, чашми худшиносии моро ба гузаштагонамон қавӣ месозад, барои беҳбудии ояндаи ҷамъият ва ободии кишвар роҳ мекшояд».
Воқеан омӯхтани таърихи халқи тоҷик дар тарбияи ватандӯстию ватандорӣ, инсондӯстӣ, ҷаҳоншиносӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодон барои баланд бардоштани сатҳи фарҳангии аҳли ҷомеа нақши ниҳоят калон мебозад. Ҳангоми омӯзиши ин фан мо ба воқеаҳои асосии таърихи халқи тоҷик, робитаҳои сиёсӣ ва мадании он ба дигар халқҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҷаҳон шинос мешавем.
Махсусан, имрӯз дар шароити ба миён омадани тағйиротҳои куллӣ ва ҷиддии охири асри 20 – ибтидои асри 21, соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баробари он суъат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ, зарурияти дуруст ва мувофиқи талаботи ҷомеаи муосир ба роҳ мондани таълими ин фан ба миён омадааст. Дигаргуниҳои ба вуқуъомада зарурияти пешниҳоди консепсияи комилан нави тафаккури таърихиро тақозо менамояд.
Ҳар нафаре хоҳиши мутолиаи китоби «Таърихи халқи тоҷик»-ро дошта бошад, метавонад дар Китобхонаи миллӣ пайдо ва бихонад.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.