Китоби нав. «Таърихи муосири Тоҷикистон»

Таърихи муосири Тоҷикистон«Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатро равшан мекунад».

Эмомалӣ Раҳмон

Омӯзиши фанни таърих, аз ҷумла таърихи муосири Тоҷикистон дар инкишофи ҷаҳонбинӣ, тафаккури эҷодӣ, нерӯи ақлонӣ, худшиносӣ ва ташаккули шахсият нақши бузург мебозад. Донистани таърихи кишвар, марзу буми он, аслу насаб, маърифат, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ, бурду бохти мардум, даврони эҳёи давлатдорӣ ва ҳунару ҳунармандии он сарчашма баҳри худшиносии миллии ҷавонони имрӯзаи тоҷик мебошад. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест».

Дуруст ба роҳ мондани омӯзиши фанни таърихи халқи тоҷик яке аз роҳҳои шинос намудани донишҷӯён бо вазъи сиёсӣ-иҷтимоии таърихи ҷомеаи инсонӣ буда, яке аз омилҳои муфиди тарбияи ватандӯстӣ ва ба камол расондани мутахассисони баландихтисоси ҷавон ба ҳисоб меравад.

Хештаншиносӣ замина ва омили бунёдии расидан ба ваҳдати воқеӣ аст. Он асли асосе мебошад, ки шаклгирӣ ва камолоти ояндаи фарҳанги миллӣ, ормони миллӣ, иқтисоди миллӣ ва дигар барномаҳои миллиро таъин менамояд. Ин аст, ки агар шахс худшинос набошад дар зиндагӣ ба мақсадҳои наҷиб расида наметавонад.

Мафҳуми худшиносии миллӣ, ин пеш аз ҳама дарк намудани маҷмӯи илму донишҳое мебошад, ки инсон ҳамеша ба он ниёз дорад. Ҳамчунин, пос доштану қадр кардани арзишҳои ахлоқию маънавие, ки манфиат ва мавқеи миллатро дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ менамоянд, мафҳуми худшиносии миллиро ифода мекунад.

Дӯст доштан ва ифтихор кардан аз Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои фарҳангӣ ҷавҳари худшиносии милллиро ташкил медиҳад, ки он дар ташаккули шахсияти дорои ҳамагуна ҷаҳонбинии солим чун сарчашма хизмат хоҳад кард. Оре, агар кас надонад, ки аз ин зиндагӣ чӣ мехоҳад, ҳаёт барои ӯ маъно надорад.

Туро гар хирад бошад андар забон,

Ба бедорӣ кӯшӣ, на ба хоби гарон.

(Абулқосим Фирдавсӣ)

Ҳар як фан ва илм бо мақсад ва вазифаи муайяне омӯзонида мешавад. Таълими таърихи муосири Тоҷикистон ба хонандагон роҳи тайкардаи халқи тоҷик, ҳодисаю воқеаҳои дар ҳаёти он рӯйдодаро талқин менамояд. Вазифа ва моҳияти омӯзиши фанни зикршуда шинос намудани ҷавонон ба вазъи сиёсӣ-иҷтимоии ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад. Омӯзиши таърихи муосири кишвар  ба ҷавонон  ҳуввияти меҳанпарастиро талқин намуда, дар онҳо ҳисси баланди миллиро  тарбия менамояд

Хоҳишмандон метавонанд китоби «Таърихи муосири Тоҷикистон»-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Фарзона Шарифова,
шуъбаи  мукаммалгардонии фонд.