Китоби нав: «Технологияи Иттилоотӣ». Синфи 11

Технологияи  ИттилоотӣИн китоби дарсиро панҷ нафар: Ф. Комилиён,  Т. Шарипоф, С. Мирзоев,  И.Қосимов ва З Раҳмонов навиштаанд ва соли равон дар нашриёти “Маориф” чоп шудааст. Тавре дар сарлавҳа ҳам ишора рафт, он барои хонандагони синфҳои 11 пешниҳод шудааст.

Муаллифон ба хонандагони худ, ки ҳамакнун дар остонаи хатми мактаб қарор доранд, муроҷиат кардаанд ва гуфтаанд, ки қабл аз андешаи хатми мактабу берун шудан аз ин синфхона, лаҳзае таваққуф кунед ва  аз он  фосилае, ки  дар   тайи ин  муддат  илму  донишро  аз  бар  кардед, натиҷагирӣ  намоед. Дар  ин  муддат  шумо  ба  камол  расидед, соҳиби  донишу   малака  ва  таҷрибаи  зиёди  рўзгор гаштед.  Мактаб  ба  шумо  равзанаи  зиёди  илмҳои  гуногунро  боз  кард. Кадоми  онҳо  дар  ҳаёти  ояндаи  шумо   бештар  лозим  меояд ва  кадомаш  камтар –ин  ба  он  вабаста  аст,  ки шумо  кадом  намуди  фаъолияти  касбиро  интихоб  менамоед.

Дар  ҳар  сурат шумо  бояд  ба  як  нуқта  қаъан  мутмаин  бошед : он  донишҳое, ки  тавассути  дарсҳои технологияи  иттилоотӣ  аз  бар  намудед, ҳатман  дар  фаъолияти  минбадаи  шумо  ба  кор хоҳанд  омад. Ин талаботи  давру  замон аст. Фаромўш  насозед, ки  мо  дар  асри инфарматика  ва технологияҳои  муосир  умр  ба  сар  мебарем  ва  майл  ба  ҷомеаи  иттилоотӣ  дорем. Ҳар  кадомамон  моро  ба  ин  аср ба  татбиқи  технологияҳои  иттилоотӣ  ҳидоят  менамояд ва  фосилаи  расидан  ба  қуллаи  муродро  боз  ҳам   наздиктар  мекунад.

Шуморо  зарур  аст,  ки   дар  ҷомеаи  итттилоотӣ  кор  ва  зиндагӣ  кунед. Ва  аз  хотир  ҳеҷ  вақт  набароред,  ки  захираи  муҳимтарин  ва асосии ин  ҷомеа  иттилоот ба  ҳисоб  меравад. Вобаста  ба  он, ки  шумо  ба  иттилоот  чӣ  гуна  кор карда  метавонед,  на  танхо  ояндаи  худ,  балки  ояндаи  маамлакатро муайян  хоҳед  кард.

Сипас, муаллифон таваҷҷуҳи хонандаи худро ба вазъи технологияи иттилоотии муосир ҷалб намуда, навиштаанд, ки онҳо ба  таври  муттасил  атрофи  моро дигаргун  месозанд. Масалан,  чанд  муддат  тасаввур  кардан  ҳам  душвор  буд,  ки  телефони  ҳамроҳ  компютери  портативиро  ба  интернет пайваст  кардан  мумкин  бошад. Аммо  имрўз  ин  амал  куҳна  гашта,  ҳатто  аз  байн  рафтааст. Бо  рушди  технологияҳои  бесим акнун  ҳар  шахс  имконият  пайдо  кардааст,  ки  бо  ёрии  худи  телефони  ҳамрҳ  ба  интернет  пайваст  шавад.

Ҳамарўза  ба  ҷойи  технологияҳои  нисбатан  куҳнашуда  ткхнологияҳои  навбанаву  муосири  иттилоотӣ  зуҳур менамоянд  ва  сайри  хаёлоти  дирўзаи  моро  ба  воқеият  табдил  медиҳанд. Мо  метавонем  ин  ҷо  мисолҳои  бешумори  татбиқи технологияҳои  иттилоотиро дар  тамоми  самтҳои  ҳаёт  бо  истифодаи  техникаи  компютерӣ  ёдовар  шавем. Аммо  ҳоло  ба  ин  иктифо  карда, ҷомаи  амал  пўшонидани  онро ба  худи  шумо  ҳавола  мекунем.

Китоби дарсии “Технологияи иттилоотӣ”-ро шумо дар Китобхонаи миллӣ ҳам метавонед мутолиа намоед.

Фарзона  ШАРИФОВА,
м
утахассиси  шуъбаи
Мукаммалгардонии фонд