Китоби нав: “Зиёи Садр Бухорӣ ва феҳристи китобхонаи ӯ”
Дар монография ҳаёт ва мероси илмию адабии Муҳаммадшарифҷон писари Абдушукур, ки бо номи Зиёи Садр Бухорӣ (1867-1922) машҳур аст, баррасӣ шуда, китобхонаи ў ва феҳрасти он мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.
Зиёи Садр яке аз маорифпарварони халқи тоҷик мебошад, ки дар аввали садаи ХХ дар ҳаёти илмӣ, адабӣ ва фарҳангии Бухоро саҳми бузуре гузоштааст. Китобхони ў маҳзани мероси илмӣ, адабӣ ва маънавии мардуми Бухоро буда, қисми асосии он то ба рўзгори мо расидааст. Муаллиф дар асоси маъҳазҳо ва ахбори сарчашмаҳои гуногун таркиби китобхонаи Зиёи Садрро барқарор карда, доир ба муҳити илмӣ ва адабии пойтахти аморат маълумоти фаровон медиҳад.
Шодмон Воҳидов, муаллифи монография дар пешгуфтор аз ҷумла овардааст: Аз Зиёи Садр, чӣ тавре ки ба мутахассисон маълум аст, китобхонаи басе бебаҳо бо китобҳои нодири шарқӣ мерос монда буд. Китобҳои нодири дар ин китобхона буда дар марказҳои маданӣ ва фарҳангии Осиёи Миёна, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва дигар мамолики ба мо наздик китобат ва рӯнавис шуда, ба соҳаҳои гуногуни илму фан доиранд.
Мероси илмӣ ва адабии Зиёи Садр ва дурдонаҳои ганҷинаи ў, яъне коллексияи дастхатҳои шарқиаш айни ҳол дар Институти шарқшиносии Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба номи Абу Райҳон Берунӣ дар шаҳри Тошкент ва дар ганҷинаи Мероси хаттии институти Забон ва адабиёти ба номи Абу Абдуллоҳи Рўдакӣ дар шаҳри Душанбе ва дар дасти ворисони ў маҳфуз аст.
Шарофат Мирзоева