Китоби нави омӯзишӣ дар бораи асосҳои бемориҳои кўдакона
Аз миёнаҳои асри 8 сар карда, олимон ва табибон дар бораи таълим, тарбия ва тобобати бемориҳои кўдакон дастурҳо ва китобҳо навиштаанд. Дар як қатор мамлакатҳо (Ангия, Олмон, Шветсия ва ғайра) аз ташкилотҳои хайрия ятимхонаҳову хонаҳои кӯдакон ташкил шуда буданд ва баъдтар дар асоси онҳо бемористонҳои кўдакон пайдо шуданд.
Китоби «Таълими асосҳои бемориҳои кўдакона» соли ҷорӣ чоп шудааст ва тавре гуфта шудааст ин нашри дуюми китоб бо иловаву тағйирот мебошад. Муаллифон А. Маҷидзода ва Л. Бобоева китобро чун дастури илмиву омӯзишӣ барои донишҷӯён таҳия кардаанд.
Тавре муаллифон дар сарсухан оврадаанд, педиатрия– илмест, ки «қонуниятҳои инкишофу ташаккули кўдак, сабабҳо ва механизми пайдоиши бемориҳо, инчунин усулҳои муайянкунию табобат ва пешгирии онҳоро» меомўзонанд.
Асоси педиатрияро дарки инкишофи таҳаввулоти кўдак ташкил медиҳад, барои пурро ва саҳеҳ баҳо додан ба ҳолатҳои патологӣ (бемор), донистани қонуниятҳои ҷисмонӣ ва асабию рўҳии кўдаки солим зарур аст.
Дар байни фанҳои тиббӣ, педиатрия яке аз фанҳои ҷавон ба ҳисоб меравад. Вале аввалин омўзишҳо дар бораи кўдакон ва давраи Гиппократ (асри 4 п.аз.м), Гален ва олими бузурги форсу тоҷик, яке аз асосгузорони илми тибби олам Абўалӣ ибни Сино оғоз ёфта буданд. Онҳо асосан дар бораи табиати кўдак, таълим, тарбия ва табобати бемориҳои кўдакон фикри худро баён кардаанд. Ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки тўли тахминан 1500 сол пеш аз қоидаҳои табобати бемориҳои калонсолон фарқияте надошт.
Якумин шифохонаи кўдакона дар шаҳри Порис соли 1802 кушода шуда буд. Дар Русия бошад, аввалин бемористони бачагона соли 1834 дар Петербург ва соли 1842 дар Маскав пайдо шуда буданд. Дар аввали солҳои 30-юми асри 20 дар Тоҷикистон ҳам шифохонаҳои кўдакона сохта шуд ва яке аз аввалинҳо бемористони баччагонаи №1 шаҳри Душанбе буд.
Хонандагон китоби «Таълими асосҳои бемориҳои кўдакона» – ро метавонанд дар «Китобхонаи миллӣ» мутолиа намоянд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.