Китоби Саидзода Низомиддин: «Асосҳои психологияи синусолӣ ва омӯзгорӣ»

Дастури таълимӣ-методии мазкур проблемаи муоссири таълимӣ- методии психологияи синусолӣ ва омӯзгориро барои донишҷӯёни ихтисосҳои равияи омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олӣ вобаста ба тахассус гирд овардааст. Мураттиб ҳалли масъалаи мазкурро тибқи нақшаи таълимии тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудааст.

Ҳамчуноне дар муқаддима мехонем, дар ин дастури таълимӣ-методӣ доир ба масъалаҳои ҳозиразамони – соҳаи психологияи синнусолӣ ва омӯзгории фан, вазифа ва методҳои инкиншофи масъалаҳои психологияи синну сол ва ҷанбаҳои психологии омӯзгорӣ дар кишвар, инкишофи психика, мушкилот ва душвориҳои ҳар як давраи синнусолӣ, тағйиротҳои анатомию физиологӣ ва навовариҳои синнусолӣ маълумот дода шудааст.

Ҳамчунин масъалаҳои психологияи таълиму тарбия, психологияи муаллим дар асоси нуқтаҳои асосии консепсияи мактабҳои миллии Ҷумҳурин Тоҷикистон ҳаллу фасл ёфтааст.

Муаллиф ба ин назар аст, ки ин китоб ба донишҷуён, муаллимон, волидайн ва ҳамаи онҳое, ки ба донистани масъалаҳои психологияи синнусолӣ ва омӯзгори мароқ зоҳир мекунанд, кумак мерасонад.

Омӯзиши ин фан дар нақшаи таълимии мактабҳои олӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Зеро азхуд намудани фанни мазкур дар тайёр намудан ва ба воя расонидани кадрҳои соҳибмаълумот саҳми босазо дорад. Азбар кардани донишҳои психологӣ ба донишҷӯён имконият фароҳам меорад, ки моҳияти иҷтимоии мавҷудияти худ ва дар симои он моҳияти робитаи онҳо бо муҳити атроф ба тарзи боиставу шоиста дуруст дарк намоянд.

Маводи барои таълими фанни мазкур ҷамъовардашуда ба донишҷӯёну омӯзгорон имконият фароҳам меоранд, ки дар баробари донишҳои назариявӣ бо донишҳои амалӣ низ мусаллаҳ шуда, дараҷаи маълумотнокии хешро пурраю комил гардонад.

Китоби «Асосҳои психологияи синусолӣ ва омӯзгорӣ» ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.