«Китобу-л-ибар” –и Ибни Халдун ва таърихи Машриқзамин

МашриқзаминКитобу-л-ибар асари Ибни Халдун, ки таърихи мардуми араб, аҷам ва халқҳои дигарро дар бар мегирад. Номи пуррааш «Китобу-л-ибар ва девону-л-мубтадова-л-хабар фӣ айёми-л-араб ва-л-аҷам ва-л-барбар ва ман осораҳум мин зави-с-султони-л-акбар», маъруф ба «Таърихи Ибни Халдун» ё «ал-Ибар».

«Китобу-л-ибар» аз муқаддима ва 3 бахш (ё китоб) иборат буда, дар 7 ҷилд таълиф шудааст. Китоби аввал дар бораи ҷамъият ва тамаддун, шиносоӣ бо хосияту қонуниятҳои он аст, монанди кишвардорӣ, подшоҳӣ, касбу ҳунар, касби маош, ҳунарҳо, илму дониш, баёни муҷибот ва сабаби ҳар яки онҳо ва ғайра. Китоби дуввум дар бораи ахбори арабҳо, сохти қабилавӣ ва давлатдории онҳо аз оғози офариниш то рўзгори муаллиф ва баъзе миллату давлатҳои машҳури он замон (набатиҳо, суриёниҳо, эрониён, банӣ Исроил, қибтиҳо, юнониён, румиён, туркҳо, фарангиён) маълумот медиҳад. Китоби севвум асосан дар бораи барбарҳо ва маволии онҳо ва кишвару давлатҳои қаламрави Мағриб маълумот дорад.

Дар «Китобу-л-ибар» дар бораи ноҳияҳои шимолии Африқо, хусусан таърихи минтақаҳои Мағриб маълумоти нодир оварда шудааст. Ибни Халдун маълумоти асарашро дар натиҷаи мушоҳидаҳои шахсии худ ҳангоми сафар ва бархўрд бо қабилаҳои ин минтақа, зисту зиндагонии онҳо дар шаҳрҳои гуногуни Мағриб гирдоварӣ карда, онҳоро муфассал шарҳ додааст. Аз ин рў, ду ҷилди аввали «Китобу-л-ибар» аз маъхазҳои асосианд, ки таърихнигорону муҳаққиқони баъдӣ ҳангоми омўзиш ва таҳқиқи илмии таърихи минтақаи мазкур аз он истифода бурданд.

Шарқшиносон ва таърихнигороне, ки дар бораи таърихи Мағриб таҳқиқот бурдаанд, бар онанд, ки «Китобу-л-ибар» нисбат ба дигар китобу маъхазҳо дар бораи таърихи кишварҳои Мағриб, миллатҳо ва тавоифи онҳо иттилооти дақиқтари илмӣ дорад.

Бахшҳои ба машриқзамин бахшидаи «Китобу-л-ибар» бештар аз дигар манобеъ иқтибос шуда, аз лиҳози мавзуъ ва тасвири воқеаҳо аз китобҳои таърихнигорни пешин фарқи ҷиддӣ надоранд.

Манбаъ: Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 185. Муаллиф: К. Аскардаев

Таҳияи Мунавара Азизова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ