«Китобу-л-кофӣ фи-л-мусиқӣ»-арзишмандтарин рисолаи мусиқӣ
«Китобу-л-кофӣ фи-л-мусиқӣ», «Ал-Кофӣ фи-л-мусиқӣ», рисолаи илмии мусиқӣ. Муаллифаш Абумансур ибни Муҳаммад ибни Умар ибни Тоҳир, машҳур ба Ибни Зайлаи Исфаҳонӣ (асри 11).
«Китобу-л-кофӣ фи-л-мусиқӣ» аз таълифоти муҳимми мусиқӣ буда, идомаи мантиқии сабки таҳқиқии Абунасри Форобӣ ва Ибни Синост. Ин рисола аз муқаддима, се фасл ва хотима иборат аст. Дар муқаддима ҳадафи таълифи «Китобу-л-кофӣ фи-л-мусиқӣ», баҳс, тавсифи мусиқӣ чун илм ва ҳунар, назари мусиқишиносон доир ба таърифи мусиқӣ ва ниҳоят шарҳи мушаххаси мусиқӣ зикр шудааст.
Фасли аввал – «Фи таърифи-л-нағам» («Дар таърифи нағма») таърифу шарҳи овозҳои мусиқӣ, усули эҷоди нағма чун қисми муҳим дар мусиқӣ, назару таълифоти донишмандон (Форобӣ, Ибни Сино), хулосаҳои таҳлилии муаллиф дар иртибот ба таҳаввулоти назарияи мусиқии асрҳои 10-11-ро фаро гирифтааст. Фасли дуввум «Фи таърифи-л-иқоъ» («Дар баёни зарб») ном дошта, аз таҳлилу тавсифи зарб (иқоъ) чун шохаи илмию амалии мусиқӣ, назари мусиқишиносон (бахусус Форобӣ, Ибни Сино), ниҳоду рукнҳои зарб, зарбҳои маъмул ва ғайримаъмул, зарбҳои мусиқӣ иборат аст. Фасли севум «Фи таърифи-л-алҳон» («Дар баёни лаҳнҳо») ба тақвияти нуктаҳои таҳқиқии Форобӣ ва Ибни Сино бахшида шудааст. Дар ҷараёни таҳқиқи таркиботи савтии лаҳнҳо Ибни Зайла ба шарҳи навъҳои лаҳнҳои асосӣ таваҷҷуҳ карда, таърифи ҳар яки онҳоро ба таври мушаххас зикр намудааст. Муҳим будани фасли севвуми рисола дар он аст, ки муаллиф намунаҳои аввалини маҷмўи оҳангҳои силсилавии устодонаи мусиқии форс-тоҷик «Равошин», суруду навоҳои силсилавии мавсимӣ-маросимии «Сандон», «Мозандаронӣ», махсусан «Порсиёт» ва «Хусравонӣ», шеваи иҷро ва сохти шеърии онҳоро тавсиф кардааст.
«Китобу-л-кофӣ фи-л-мусиқӣ» бори аввал соли 1964 бо ташаббуси олими араб устоди Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Бағдод Зикриё Юсуф дар асоси ду нусхаи дар китобхонаҳои Миср, Англия ва Фаронса маҳфузмонда нашр ва манзури дўстдорони мусиқӣ гардидааст. Зикриё дар матни таҳиякардаи худ ин се бобро ба 16 фасл тақсим кардааст.
«Китобу-л-кофӣ фи-л-мусиқӣ» дар омўзиш ва таҳқиқи таърихи илми мусиқии Шарқ манбаи гаронбаҳост.
Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 185-186.
Муаллиф: А. Раҷабов.
Таҳияи Ҳусния Назарова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ