Комил Бекзода – файласуфе бо андешаи миллӣ

Комил БекзодаКомил Бекзода (Беков Комилҷон, таваллуд 9.1.1945, деҳаи Узбай, ноҳияи Ванҷ, ВМКБ), файласуфи тоҷик, доктори илми фалсафа. Хатмкардаи шуъбаи забони арабии факултаи шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 1967). Аспиранти шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1968-1973).

Дар мавзуи «Муҳаммади Шаҳристонӣ – муаррихи дин ва фалсафа» рисолаи номзадӣ (1988) ва дар мавзуи «Нақши шуубия дар таърихи худшиносии халқи тоҷик» (19.12.2019) рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Беш аз 7 сол дар кишварҳои арабии Миср, Яман, (Адан, Санъо) таҳсил ва ба ҳайси тарҷумон кору фаъолият намудааст. Устоди фалсафаи ДМТ (1996-1999), ходими пешбари илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ (2006-2009), Маркази Синошиносии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ (2009-2014) ва Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014-2018).

Шарҳи муфассали «Фалсафаи ҷамшедӣ»-и Комил Бекзода дар китоби «Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи Зиндагӣ бо Марг» (Душанбе, 2019) омада, ки нуктаҳои асосӣ аз инҳо иборатанд:

  1. Асл ва ҷавҳари фалсафаи ҷаҳонӣ масъалаи марг ва миранда будани инсон аст.
  2. Комил Бекзода ба моддигароӣ ва ормонгароии фалсафаи ҷаҳонӣ муътақид нест, зеро, ба андешаи ӯ, моддигароии имрӯза ба идеология мубаддал гардидааст ва ормонгароӣ ҳамеша идеология будааст.

Комил Бекзода устураи Ҷамшедро, ки гӯё мехост бо илму дониш маргро аз ҳаёти одамон соқит созад, асоси фалсафи шахсии худ қарор додааст. Комил Бекзода ба ин назар аст: «Ба сабаби нотавониҳои илмӣ дар гузашта, файласуфон ба бероҳа рафтанд ва фалсафаро аз шоҳроҳи аслии хеш (Мақоми инсон дар ҷаҳон) дур андохта, ба баррасии мавзуъҳои дувуминдараҷа пардохтаанд. Шоҳроҳи илми фалсафа масъалаи марг ва зиндагии инсон аст». Комил Бекзода ба ин натиҷа расидааст, ки фалсафаи ҷамшедӣ дар ҷаҳони муосир метавонад ҳамаи ҷараёнҳои фалсафиро бо ҳам муттаҳид ва аҳли башарро аз андешаҳои хому хурофотӣ наҷот бахшад. Муаллиф андешаи худро чун худандеш, соҳибназар ва воқеиятгаро (реалист) мушаххас кардааст.

Ҷаҳонбинии Комил Бекзода асосан ба таълифоти К. Ламонт (Иллюзия бессмертия. – Москва, 1984), Жан-Пол Сартр (Критика диалектического разума. – М., 1985), Раймонд Муди (Жизнь после смерти. – Душанбе, 1993), Н. Федоров (Философия общего дела. – Т.1-2. – М., 2003), Р. Эттингер (Перспективы бессмертия. – М., 2003), А. Налчаджян (Загадка смерти. – Ереван, 2004), Р. Докинз (Бог как иллюзия. – М., 2015) ва дигарон такя дорад.