Конференсияи ҷумҳуриявӣ. “Конститутсия – заминаи рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия – заминаи рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” Конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардад.
Конференсияро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оғоз бахшида иброз дошт, ки Конститутсияи кишвари мо дастоварди бузурги миллӣ ба ҳисоб меравад, чунки он дар давраҳои бениҳоят душвору баҳснок ва аз ҷониби тамоми мардуми Тоҷикистон қабул гардидааст.
Бунафша Файзиддинзода гуфт, ки бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ, иқдом гирифтан дар роҳи барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои худро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тавассути мустаҳкам кардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсат дар самти масъалаҳои занон ва бонувон мунтазам тақвият мебахшад.
Дар идомаи кори конфронс директори Китобхонаи миллӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода суханронӣ кард. Ӯ иброз намуд, ки ин санади тақдирсоз барои миллати соҳибистиқлоли мо сарнавишти дигаре сохт. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлоли бо сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам оварда шуд, тамоми соҳаҳои фаъолияти ҷамъиятӣ рушду такомул ёбанд.
Профессор Файзализода аз саҳми босазои занон дар корҳои ҷамъиятӣ ва бахшҳои муҳими давлатӣ ёдвар шуда, гуфт ки маҳз бо қабули қонунҳои дар заминаи Конститутсия қабулгардида имрӯз занону бонувони мо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар фаъолияти густурда доранд. Занону модарон бо азму иродаи қавӣ кӯшиш намуда истодаанд, ки рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пешаи худ созанд.
Дар кори конфронс Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, муовини Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Дилором вобаста ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд маъруза намуданд.
Маврид ба зикр аст,ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас оид ба расмият даровардани санаду қонунҳои ҷадид андешида шуданд. Пас аз эълони истиқлоли давлатӣ қонунҳои зерин: «Дар бораи тағйир додани номи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон» (31-уми августи соли 1991), «Дар бораи интихоботи Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон» (10-уми сентябри соли 1991) ва ғайра қабул гардиданд.
Дар мамлакат зарурати қабули Конститусияи нав ба миён омад. Ин зарурат аз он бармеояд, ки шароити таърихӣ тағйир ёфта, ҷумҳурии соҳибистиқлол ташкил ёфта буд. Дар мазмун ва равандҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Сохтори сиёсӣ низ тақозо мекард, ки коргузорӣ дар асоси қонунҳои нав ба роҳ монда шавад.
Воқеан, санаи 6-уми ноябри соли 1994-ум барои тамоми мардуми тоҷик, яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 31-умин солагарди онро ҷашн мегирем. Ин сана барои мардуми мо, як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.
Конситутсияи Ҷумурии Тоҷикистон дар сароғози худ халқ ва кишвари бостонии моро ҷузъи таркибӣ ва ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон эълон намудааст. Баъди садсолаҳо миллати тоҷик имкон пайдо кард, ки субъекти мустақил, фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи байналмилалӣ гардад. Таърих гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз, 5-маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилали ҷавобгӯ мебошад. Ногуфта намонад, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа