Конфронси илмӣ-маърифатӣ дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рўзи матбуоти тоҷик

Имрӯз чун анъанаи солщои пеш Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, Рўзи матбуоти тоҷикро дар доираи  Конфронси илмӣ-маърифатӣ  бо иштироки олимону муҳақиқони соҳаи матбуот таҷлил кард.

Конфронси илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва рушди фарҳанги миллӣ» ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ доир гардида, роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, олимону муҳаққиқони соҳаи матбуот, роҳбарони муассисаву ташкилотҳои рўзноманигорӣ ва намояндагони васоити ахбори омма дар кори он ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар расми ифтитоҳи ҳамоиш директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ профессор Ҷумахон Файзализода суханронӣ карда, ҳозиринро ба ин ҷашни таърихи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик муборак бод гуфт.

Вай аз ҷумла гуфт: Ҳамасола ҷомеаи журналистии тоҷик иди касбии худро 11-уми март, ки ба рўзи нашри аввалин шумораи рўзномаи тоҷикӣ – «Бухорои шариф» рост меояд, таҷлил менамояд. Лозим ба зикр аст, ки Рўзи матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5 май-рӯзи нашри нахустшумораи рўзномаи «Правда» таҷлил мегардид ва соли 1994, пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парлумони кишвар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» тағйирот ворид намуда, 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик қабул гардид.

Директори Китобхонаи миллӣ дар идомаи суханронии худ аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба матбуот ҳарф зад ва фармуд: Матбуот дар воқеъ яке аз рукнҳои муҳимми сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа мебошад, ки агар бо риояи усулҳои неки рӯзноманигорӣ нашр шавад, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҷаҳонбинии мардум нақши амиқ мебозад.

Маҳз, ба ин хотир Китобхонаи миллӣ тамоми имкониятро дар ихтиёри муҳаққиқон қарор додааст, то тавонанд самтҳо ва мавзуъҳои гуногунро аз махзани бузурги матбуоти тоҷик пажӯҳиш намоянд. Шуъбаи матбуоти даврӣ, ки масъули Конфронси илмӣ-маърифатӣ аст, бо тамоми имкониятҳо ҳамарӯза аз соати 8 то соати 20-и шаб дар хидмати хонандагон қарор дорад.

Сипас, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода суханронӣ карда, ҳозиринро ба Рӯзи матбуоти тоҷик шодбош гуфт. Қайд гардид, ки эътибору эътирофи рӯзномаву маҷаллаҳо дар замони имрӯз хеле олӣ аст, ки ин сарчашма  аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар тамоми иду ҷашн ва вохӯриҳои худ бо зиёиёни кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар мешаванд, ки нақши матбуот хеле муассир аст. Он барои ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ саҳми босазо гузошта метавонад. Аз ин рӯ бояд, барои пешрафти ин соҳа тамоми саъю талошамонро ба харҷ диҳем.

Дар идома, профессори кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Мурод Муродӣ дар мавзуи «Ташаккули низоми матбуоти даврӣ дар солҳои 1920-1930» маърӯзаи пурмуҳтавоеро пешниҳоди иштирокдорони конфрос намуд.

Нахустрӯзнома ба забони форсии тоҷикӣ, ки дар Осиёи Миёна аз 11 марти 1912 то 2 январи 1913 мунташир шуд, ҳарчанд умри тулонӣ надид, аммо кашфиёте буд, ки роҳи матбуоти тоҷикро боз кард. Баъдан, рӯзномаи «Самарқанд» (1913) ва маҷаллаи «Оина» (1913—1915) интишор гардиданд. Дар оғоз журналистикаи тоҷик хусусияти маорифпарварона дошт, зеро бо дастгирии маорифпарварону таҷаддудхоҳон ба вуҷуд омада, ислоҳоти мактабу маорифро пайгирӣ мекард. Ҳарчанд маводи ин рӯзномаҳо бо забони тоҷикӣ камтар буд, аммо бо ин вуҷуд мавриди пажӯҳиши олимону муҳақиқон қарор гирифтанд.

Баъдаи “Шуълаи инқилоб” рӯйи кор омад бо вижагиҳои хос, махсусан гӯшаи ҳаҷвии рӯзнома, ки то имрӯз дар дигар рӯзномаҳо ҷой надошт. Профессор Мурод Муродӣ иброз дошт, ки сухан гуфтан дар бораи ин рӯзномаҳо осон аст, аммо дарки он ки дар чӣ шароит ва киҳо онро рӯйи кор овардаанд хеле маърифати баланд тақозо мекунад. Зеро хеле тул кашид, то низом дар матбуот ҷорӣ гардад. ”Рӯзномаҳои “Бедории тоҷик”,”Советский Таджикистан”, “Қизил Таджикистан”-тавонистанд заминаҳои сиёсиро барои типҳои дигари нашрияҳо аз ҷумла ноҳиявӣ, минтақавӣ ва шаҳрӣ ба вуҷуд оваранд”- гуфт зимни баромади худ, профессор Мурод Муродӣ.

Сипас, муаллими калони кафедраи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода дар мавзуи «Нашрияи «Садои мардум» – чаковаки истиқлоли Тоҷикистон» (Ба ифтихори 35 – солагии «Садои мардум») суханронӣ кард.

Қироншоҳ Шарифзода ба таърихи таъсис ва аввалин сармуҳарирони рӯзномаи “Садои мардум” равшанӣ андохта, рӯзномаи мазкурро, ки ҳамсоли истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аз фаъолтарин рӯзномаҳо номид. Вай ҳамчунин гуфт, ки тамоми паҳлуҳои фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳамон замони таъсис то имрӯз ба мардум мерасонад.

“Садои мардум”- нашрияи парлумони Тоҷикистон дар қаламрави давлати Шуроҳо дуввумин ва дар минтақаи Осиёи Миёна аввалин нашрияи хоси парлумонӣ ба ҳисоб мерафт. Ин нашрия дере нагузашта аз худ ба ҳайси нашрияи қонунофар, қонунписанд ва қонунмеҳвар дарак дода, чун чаковаки хушовоз аз наздикрасии Истиқлоли Тоҷикистон наво сар дод.

Яке аз аввалин сармуҳарирони нашрия, ки қурбонии ҷанг шаҳрвандӣ гардид, Муродуллоҳ Шерализода буд, ки хидмати ӯ то имрӯз мондагор аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрони худ (20.05.1993) чунин гуфтанд: “Барои Муродуллоҳи Шерализода истиқлоли Ватанаш басо азиз ва пурқиммат ҳисоб меёфт, барои ҳамин ӯ аз ин шарафи озодӣ ва истиқлолият болида, баҳри мустаҳкам гардидани он ғайрату кӯшиши зиёд ба харҷ медод”.

Барои ба вуҷуд омадани дигар воситаҳои иттилоърасон матуот замимаи мусоид фароҳам овард, ки яке аз онҳо телевион мебошад. Вобаста ба рушди фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа ин дастгоҳҳо таъсири хеле бориз мегузоранд. Дар иртибот ба ин масъала профессори кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДДФСТ доктори илмҳои филологӣ Зулфиддин Муминҷонов дар мавзуи «Телевизион таҳкимбахши рушди фарҳангӣ миллӣ ва Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза кард.

Профессор Зулфиддин Муминҷонов тамоми паҳлуҳои муҳими соҳаи телевизионро мавриди таҳлил қарор дода гуфт, ки мо дар замони соҳибистиқлолӣ 9 телевизиони навро вобаста ба соҳаҳои гуногун кушодем ва бояд дар ин мавзуъ бодиққат бошем. Дар самти муайян кору фаъолияти кардани дилхоҳ шабакаи телевизиони ҳам сифат ва ҳам мубрамияти хабару иттилоъро беҳтар месозад.

Дар бахши дигари ҳамоиш мутахассиси пешбари шуъбаи матбуоти даврии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Абдуллозода дар мавзуи «Матбуоти тоҷик ва масъалаи ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ»  маърузаи худро ироа кард

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии иттилоот, масъалаи ҳифзи мероси матбуот аҳаммияти махсус касб менамояд. Нусхаҳои электронии «Бухорои шариф» ва дигар нашрияҳои таърихӣ имрӯз дар маҳзани электронии шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд. Ин иқдом на танҳо ҳифзи мероси таърихӣ, балки фароҳам овардани дастрасии васеи таҳқиқотӣ барои муҳаққиқон ва донишҷӯёнро таъмин мекунад.

Шуъбаи матбуоти даврии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1935 фаъолият дошта, ба ҷамъоварӣ, ҳифз ва нигаҳдории нашрияҳои даврӣ машғул аст.

Дар қисмати ҷамъбастии кори конфронс сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Бахтовар Каримзода суханронӣ кард.  Фаъолияти гуногунҷабҳаи нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон -рӯзномаи “Садои мардум”, ки тули фаъолияти худ боре ҳам аз чоп намондааст, тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти Парлумони Тоҷикистонро инъикос мекунад. Барои ҳамкориҳои судманди Китобхонаи миллӣ бо нашрияҳои давлатӣ хеле сипосгузорем, ба нашр расидани дастури библигафӣ аз фаъолияти рӯзномаи “Садои мардум” нишони эҳтиром ва қадршиносии ин муаасисаи бузурги фарҳанги аст”- гуфт Бахтовар Каримзода.

Дар фарҷом аз ҷониби сармуҳаррири рӯзномаи мазкур ба директори Китобхонаи миллӣ ва чанд тан аз фаъолони ин самт ба ифтихори таҷлил аз 35-солагии рӯзномаи “Садои мардум” Сипоснома тақдим карда шуд.

Имрўз дар майдони матбуоти кишвар беш аз 600 рӯзномаю маҷалла аз ҷумла нашрияҳои расмӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ба табъ расида, бо инъикоси мавзуъҳои гуногун дар огаҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Воқеан, шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ бойгонии азими нашрияҳои даврӣ ба шумор рафта, ҳамасола ба ҳазорҳо нафар хонандагон хидматрасонӣ мекунад.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа